Идомаи зӯрозмоии муштзанҳои тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

© Pixabay/tixonov_valentinБоксёр
Боксёр - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2023
Обуна шудан
Дар рӯзи ҳафтуми чемпионати ҷаҳон дар риштаи бокс дар пойтахти Ӯзбекистон аз миёни намояндагони Тоҷикистон 3 муштзан ба майдон хоҳанд баромад
ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Муштзани тоҷик Асрор Воҳидов дар вазни 57 кило баъди 2 даври пирӯзӣ дар даври сеюм ба майдон хоҳад омад.
Бар асоси ҷадвали чемпионат, Воҳидов дар рӯзи ҳафтуми чемпионат бо Луиз До-Наскименто-Чалоти бразилӣ вориди сабқат мешавад.
Варзишкори дигари тоҷик, Некрӯз Салимов дар вазни 75 кило баъди як пирӯзӣ рақобатро дар даври дуввум бо намояндаи Конго Давид Тшама идома медиҳад.
Меҳроб Ҳамидов, намояндаи Тоҷикистон дар 51 кило бошад, якумин рақобати худро муқобили чиноӣ Ҷамао Жанг оғоз мекунад.
Дзюдоист Шакармамад Мирмамадов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2023
"Ҳоҷӣ Шариф" аз Тоҷикистон ба финали Лигаи минтақавии ҷудо роҳ ёфт
Аз Тоҷикистон ба чемпионат Меҳрон Шафиев, Меҳроб Ҳамидов, Меҳроҷ Зоидов дар, Асрор Воҳидов, Абубакр Муродзода, Баҳодур Усмонов, Расул Аҳадов, Довуд Маҳкамов, Некрӯз Салимов, Шаббос Негматуллоев, Парвиз Каримов, Давлат Болтаев ва Муҳаммад Аброриддинов сафарбар шуда буданд.
Бархе аз намояндагони Тоҷикистон аллакай аз ҳаққи идомаи сабқат маҳрум шуданд. Мусобиқаи мазкур то 14 май идома хоҳад кард.
Қаблан иттилоъ дода шуд, ки дар мусобиқаи мазкур 640 варзишгар аз 140 давлат номнавис шуда, сабқатҳо дар 13 категорияи вазнӣ доир мешаванд.
Варзишкорони Русия ва Белорус дар ин сабқат бо парчаму дигар рамзхои миллияшон ҳунарнамоӣ мекунанд.
Бритониё, ИМА, Лаҳистон, Швейтсария, Ҳолланд, Ирландия, Ҷумҳурии Чех, Шветсия, Канада, Украина, Олмон ва Норвегия аз фиристодани варзишгарони худ ба мусобиқа худдорӣ карданд.
Хазинаи ҷоизаи чемпионат беш аз 5 млн долларро ташкил дода, барандаҳои ҷойи аввал дар ҳамаи вазнҳо 200 ҳазор доллар, барандагони медали нуқра 100 ва барандагони медали биринҷӣ 50 ҳазор доллар дарёфт хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0