Дар Тоҷикистон ду нафар аз беэҳтиётӣ кушта шуд: як тани дигар беному нишон аст

© Sputnik / Стас ЭтвешТонущий человек, архивное фото
Тонущий человек, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2023
Обуна шудан
КҲФ хабар медиҳад, ки ду фоҷеа дар ВМКБ ва Хатлон рух дод, ки дар натиҷа ду нафар ба ҳалокат расиданд. Ҳамчунин дар Турсунзода як марди 32- сола бедарак гашт
ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон давоми як шабонарӯз якбора се ҳодисаи нохуш рух дод, ки дар натиҷа ду нафар ҷон бохта, як тани дигар беному нишон шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳи фавқулода.
Бар хабари манбаъ, фоҷеа аввал дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ дар ҳоле рух дод, ки муйсафеди 80 – сола зимни чаронидани чорво аз баландиии 50-60 метр сарозер шуда, дар ҷои ҳодиса ҷон аз даст дод.
Ҳамзамон, дар ноҳияи Ҷомии вилояти Хатлон сокини чорсолаи деҳаи Сайёр ҳангоми гузаштан аз болои қубури болои канали Хоҷа-Қалъа сарозер шуда, дар об ғарқ гардид.
Спасательный круг. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2023
Ғарқи се нафар: Наҷотдиҳандагон ҷасади ду нафар пайдо карданд
КҲФ мегӯяд, ин кӯдак бинобар беназоратии волидон ба ин фоҷеа дучор омад. Зимнан ҷасади ӯро наҷотбахшон ва сокинони маҳаллӣ то ҳол пайдо накардаанд, ва корҳои ҷустуҷӯ идома дорад.
Ин ниҳод аз рух додани як ҳодисаи нохуши дигар дар шаҳри Турсунзода хабар дод.
“Сокини 32-солаи деҳаи Шӯрхоки ҷамоати деҳоти Қаратоғ бо мақсади ҷамъоварии туршак ва дигар рустаниҳо ба водии Ҳакимӣ равон шуд, вале бегоҳ барнагашт”, - омадааст дар хабари КҲФ.
Гуфта мешавад, аз ҷониби кормандони шуъбаи КҲФ дар шаҳри Турсунзода ҳамроҳ бо сокинони деҳа корҳои ҷустуҷӯиву наҷот роҳандозӣ шуданд, вале то ҳол натиҷа надодааст. Ҷустуҷӯи бедаракшуда идома дорад.
Рух додани ин се ҳодисаи нохуш дар ҳолест, ки қаблан ниҳодҳои марбута аз шаҳрвандон хоҳиш намуданд, ки бинобар номусоид шудани ҳаво аз ҷамъоварии ҳезуму растанӣ, моҳидорӣ ва сафар ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.
Лентаи хабарҳо
0