https://sputnik.tj/20230506/tajlili-boshukuhi-ruzi-javonon-poytakht-1056933112.html
Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи ҷавонон дар пойтахт
Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи ҷавонон дар пойтахт
Sputnik Тоҷикистон
Бо қарори раиси шаҳри Душанбе нақшаи чорабиниҳои бораи таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар пойтахти кишвар тасдиқ гардид
2023-05-06T09:30+0500
2023-05-06T09:30+0500
2023-05-06T11:32+0500
дар тоҷикистон
душанбе
рӯзи ҷавонон
таҷлил
рустам эмомалӣ
қарор
пойтахт
шаҳр
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/0f/1056475540_0:161:3067:1886_1920x0_80_0_0_0dbebd067575ff650fdca4749abbf106.jpg
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Мақсад аз он- татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, мусоидат ба раванди тарбияи ватанпарастӣ ва дар сатҳи баланди фарҳангӣ ва эҷодиву маърифатӣ таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон мебошад.Дар Душанбе Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил мегардад, иттилоъ додааст шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.Ба иттилои манбаъ, дар ин бора қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расидааст ва дар асоси қарори мазкур дар пойтахт баргузории якчанд чорабинӣ дар назар дошта шудааст.Тиб қарори мазкур аз ҷумла, дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт шиору овезаҳо оид ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо иштироки ҷавонон ва афсарону сарбозон дар назар буда, ҳамоиши гирандагони стипендияи раисони ноҳияҳо, Раиси шаҳр ва Стипендияи президентӣ таҳти унвони "Пайравони Пешвои миллатем!" баргузор карда мешавад.Инчунин дар асоси нақшаи чорабиниҳо баргузории Конференсияи шаҳрии олимону муҳаққиқони ҷавон, Форум дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аксияҳои умумишаҳрӣ дар ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ, нақлиёт ҷиҳати ҳифзи арзишҳои миллию ахлоқӣ ва таҳкими онҳо байни ҷавонон дар назар аст.Ҳамзамон бо мақсади таҷлили бошукуҳи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон давоми моҳ дар боғҳои пойтахт ва муссисаҳои фарҳангӣ шоу- барномаҳои консертӣ, аз қабили "Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонон" бо иштироки беҳтарин сарояндагони мамлакат ва дигар бозиҳои гуногуни варзишӣ дар назар дошта шудааст.Ёдовар мешавем, дар Тоҷикистон 23 май ҳамчунин Рӯзи ҷавонон эълон шудааст.
https://sputnik.tj/20230404/tavajjuh-maqomot-sugd-safarbarkuni-khizmati-harbi-1056161345.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/0f/1056475540_169:0:2898:2047_1920x0_80_0_0_1def738fe81c332968f1ceef26348147.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таҷлил, бошукуҳ, рӯзи ҷавонон, пойтахт, қарор, рустам эмомалӣ, тасдиқ
таҷлил, бошукуҳ, рӯзи ҷавонон, пойтахт, қарор, рустам эмомалӣ, тасдиқ
Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи ҷавонон дар пойтахт
09:30 06.05.2023 (Навсозишуда: 11:32 06.05.2023) Бо қарори раиси шаҳри Душанбе нақшаи чорабиниҳои бораи таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар пойтахти кишвар тасдиқ гардид
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Мақсад аз он- татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, мусоидат ба раванди тарбияи ватанпарастӣ ва дар сатҳи баланди фарҳангӣ ва эҷодиву маърифатӣ таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон мебошад.
Дар Душанбе Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил мегардад, иттилоъ додааст шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Ба иттилои манбаъ, дар ин бора қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расидааст ва дар асоси қарори мазкур дар пойтахт баргузории якчанд чорабинӣ дар назар дошта шудааст.
Тиб қарори мазкур аз ҷумла, дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт шиору овезаҳо оид ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо иштироки ҷавонон ва афсарону сарбозон дар назар буда, ҳамоиши гирандагони стипендияи раисони ноҳияҳо, Раиси шаҳр ва Стипендияи президентӣ таҳти унвони "Пайравони Пешвои миллатем!" баргузор карда мешавад.
Инчунин дар асоси нақшаи чорабиниҳо баргузории Конференсияи шаҳрии олимону муҳаққиқони ҷавон, Форум дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аксияҳои умумишаҳрӣ дар ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ, нақлиёт ҷиҳати ҳифзи арзишҳои миллию ахлоқӣ ва таҳкими онҳо байни ҷавонон дар назар аст.
Ҳамзамон бо мақсади таҷлили бошукуҳи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон давоми моҳ дар боғҳои пойтахт ва муссисаҳои фарҳангӣ шоу- барномаҳои консертӣ, аз қабили "Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонон" бо иштироки беҳтарин сарояндагони мамлакат ва дигар бозиҳои гуногуни варзишӣ дар назар дошта шудааст.
Ёдовар мешавем, дар Тоҷикистон 23 май ҳамчунин Рӯзи ҷавонон эълон шудааст.