СҶБ: Пандемияи коронавирус анҷом ёфт

© Sputnik / Евгений Козырев / Гузариш ба медиабонкВыпуск препарата
Выпуск препарата - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2023
Обуна шудан
Сардори Созмони ҷаҳонии беҳдошт Тедрос Адханом Гебрейесус дар нишасте гуфт, ки аз оғози пандемияи COVID-19 дар соли 2020 наздик ба 20 миллион нафар ҷон бохт
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Аз замони сар задани пандемия дар соли 2020 аз COVID-19 наздик ба 20 миллион нафар ҷон дод.
Дар ин Сардори Созмони ҷаҳонии беҳдошт Тедрос Адханом Гебрейесус эълон кард.
Вай қайд кард, ки тибқи маълумоти расмӣ, шумораи ҷонбохтагон ду маротиба камтар ба қайд гирифта шудааст.
"Аз соли 2020 инҷониб тақрибан 7 миллион нафар расман аз COVID-19 фавтиданд, аммо шумораҳои воқеӣ хеле зиёданд. Сухан дар бораи ҳадди аққал 20 миллион нафар меравад", - мегӯяд ӯ.
Ҳамин тавр, тибқи қарори СҶБ, вазъи фавқулодда барои коронавирус аз байн бурда мешавад.
Проект по разработке вакцины от коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2023
Дар Русия пайдоиши сирояткунандатарин навъи коронавирус аз эҳтимол дур нест
"Кумитаи коршиносон аз ман хоҳиш карданд, ки ҳолати фавқулоддаи тандурустиро, ки номи байналмиллалии COVID-19 дорад, лағв кунам. Ман ба ин маслиҳат ҳамфикрам ва хотима ёфтани пандемияро расман эълон кардам”, - гуфт Тедрос Адханом Гебрейесус.
30 январи соли 2020 ин созмон хуруҷи коронавирусро вазъияти изтирории тандурустии, ки аҳамияти байналмилалӣ дорад эълон кард.
Пас аз ин, 11 март ба ин беморӣ мақоми пандемия дода шуд.
Лентаи хабарҳо
0