Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Вокуниши Қодиров ба ҳамла ба Кремл: ба хиради Путин қоилам

© vk.com / Рамзан КадыровГлава Чечни Рамзан Кадыров
Глава Чечни Рамзан Кадыров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2023
Обуна шудан
Раҳбари ҷумҳурии Чеченистон шарҳ дод, ки чаро ҳамла ба қароргоҳи президенти Русия дар Кремл наметавонад нақшаҳо дар мавриди Украинаро тағйир диҳад
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Ҳамлаи шабонаи ҳавопаймоҳои бесарнишин ба Кремл як иғвоест, ки ҷараёни амалиёти вижаи низомиро тағйир намедиҳад.
Ин нуктаро раисҷумҳури Чеченистон, Рамазан Қодиров дар Telegram-и худ навишт ва таъкид кард, ки генералҳои ғарбӣ умедворанд, ки Маскав ба чораҳои шадидтар дар Украина, масалан, бомбпартоиҳои оммавии шаҳрҳо мегузарад.

"Ман аз хештандорӣ ва хирадмандии Владимир Владимирович, ки ба ин иғвои нафратовар дода нашудааст, дар ҳаяҷонам", - қайд кард сиёсатмадор.

Бо вуҷуди ин, Қодиров мутмаин аст, ки созмондиҳандагони ин амали террористӣ бояд ҷавоб диҳанд, сарфи назар аз он ки дар кадом нимкурае аз Замин қарор доранд.
Ёдовар мешавем, ки Киев шаби 3 май кӯшиши ҳамла бо ҳавопаймои бесарнишин ба қароргоҳи кремлии президенти Русия кард. Дар натиҷа касе осеб надидааст, зарари моддӣ нарасидааст.
Премьер-министр Венгрии Виктор Орбан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2023
Орбан: Тавсеаи низомии ғарбӣ ногузир боиси низоъ мешавад
Маврид ба зикр аст, ки Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таҳқиру генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Илова бар ин, ҳадафҳои амалиёти вижаи низомӣ инчунин аз ғайринизомисозӣ ва нозизудоӣ дар Украина арзёбӣ шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0