https://sputnik.tj/20230504/rahmon-voridot-mahsulot-naft-qazoqiston-tojikiston-1056873465.html
Раҳмон хостори бештари воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Қазоқистон ба Тоҷикистон шуд
Раҳмон хостори бештари воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Қазоқистон ба Тоҷикистон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Қазоқистон дуввумин кишвари содиркунандаи нафт ва маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон буда, Душанбе мехоҳад ҳаҷми онро бештар гардонад
2023-05-04T13:17+0500
2023-05-04T13:17+0500
2023-05-04T13:19+0500
дар тоҷикистон
қазоқистон
ҳамкорӣ
тиҷорат
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/15/1055101714_0:0:1281:721_1920x0_80_0_0_7476648255d69dc82e46425f14555ad5.jpg
ДУШАНБЕ, 4 мая — Sputnik. Тоҷикистон алоқамандӣ зиёд кардани ҳаҷми интиқоли маҳсулоти нафтӣ аз Қазоқистон аст.Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, зимни мулоқот бо ҳамтои қазоқаш Қосимҷомарт Тоқаев дар Остона изҳор доштааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳур.Дар бадали ин Тоҷикистон метавонад содироти меваю сабзавот ва дигар маснуоти маҳаллиро ба Қазоқистон афзоиш диҳад, гуфтааст ӯ.Ҳамчунин дар ин дидор, густариши ҳамкории сармоягузорӣ бо истифодаи имкониятҳо дар соҳаи истеҳсолоти саноатӣ ва кооператсия, махсусан дар бахши саноати нафту газ, маъдан ва металлургия ба манфиати ду ҷониб арзёбӣ гардид.Дар доираи ҳамкории фарҳангӣ тайи моҳҳои наздик баргузории Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Қазоқистон бо ташкили ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Остона пешниҳод дар назар аст.Дар бахши маориф ба сад адад расондани бурсияҳо дар донишгоҳҳои ду кишвар иқдоми муассир арзёбӣ гардид.Дар рафти музокирот таъкид шуд, ки ҳамкорӣ дар самти рушди рақамисозӣ ва зеҳни сунъӣ, бозорҳои бонкӣ ва молиявӣ метавонад ба афзоиши ҷолибияти сармоягузории иқтисодиёти ҷонибҳо мусоидат кунад.Ҷонибҳо ҳамоҳангии зич ва ҳамкории самарабахши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти махсус ва дигар сохторҳои дахлдори кишварҳоро дар масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ таъкид намуданд.
https://sputnik.tj/20230504/tojikiston-shirkat-qazoqiston-shirkat-istikhroj-angisht-davat-1056867231.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/15/1055101714_0:0:1137:853_1920x0_80_0_0_d24a34403accafbf804d5d462c6afa58.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон воридот маҳсулот нафтӣ қазоқистон тоҷикистон
раҳмон воридот маҳсулот нафтӣ қазоқистон тоҷикистон
Раҳмон хостори бештари воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Қазоқистон ба Тоҷикистон шуд
13:17 04.05.2023 (Навсозишуда: 13:19 04.05.2023) Қазоқистон дуввумин кишвари содиркунандаи нафт ва маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон буда, Душанбе мехоҳад ҳаҷми онро бештар гардонад
ДУШАНБЕ, 4 мая — Sputnik. Тоҷикистон алоқамандӣ зиёд кардани ҳаҷми интиқоли маҳсулоти нафтӣ аз Қазоқистон аст.
Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, зимни мулоқот бо ҳамтои қазоқаш Қосимҷомарт Тоқаев дар Остона изҳор доштааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Дар бадали ин Тоҷикистон метавонад содироти меваю сабзавот ва дигар маснуоти маҳаллиро ба Қазоқистон афзоиш диҳад, гуфтааст ӯ.
Ҳамчунин дар ин дидор, густариши ҳамкории сармоягузорӣ бо истифодаи имкониятҳо дар соҳаи истеҳсолоти саноатӣ ва кооператсия, махсусан дар бахши саноати нафту газ, маъдан ва металлургия ба манфиати ду ҷониб арзёбӣ гардид.
“Ҳамкорӣ дар соҳаҳои мошинсозӣ ва электроника, саноати сабук ва хурокворӣ, дорусозӣ ва истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ аз самтҳои дигари судовар дар муносибатҳои ду кишвар номида шуд”,- афзудааст манбаъ.
Дар доираи ҳамкории фарҳангӣ тайи моҳҳои наздик баргузории Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Қазоқистон бо ташкили ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Остона пешниҳод дар назар аст.
Дар бахши маориф ба сад адад расондани бурсияҳо дар донишгоҳҳои ду кишвар иқдоми муассир арзёбӣ гардид.
Дар рафти музокирот таъкид шуд, ки ҳамкорӣ дар самти рушди рақамисозӣ ва зеҳни сунъӣ, бозорҳои бонкӣ ва молиявӣ метавонад ба афзоиши ҷолибияти сармоягузории иқтисодиёти ҷонибҳо мусоидат кунад.
Ҷонибҳо ҳамоҳангии зич ва ҳамкории самарабахши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти махсус ва дигар сохторҳои дахлдори кишварҳоро дар масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ таъкид намуданд.