https://sputnik.tj/20230503/prigozhin-hamlai-mutaqobili-ukraina-oghoz-shudaast-1056865807.html
Пригожин бар он аст, ки ҳамлаи мутақобили нерӯҳои Украина алакай оғоз шудааст
Пригожин бар он аст, ки ҳамлаи мутақобили нерӯҳои Украина алакай оғоз шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари гурӯҳи “Вагнер” ахиран эълон кардааст, ки қувваҳои мусаллаҳи Украина дар хати ҷабҳа алакай ба ҳамлаи мутақобил оғоз кардаанд
2023-05-03T20:59+0500
2023-05-03T20:59+0500
2023-05-03T21:12+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
русия
донбасс
украина
артиш
амалиёти вижа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/1a/1056704320_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_87b33886b7c27c665d62e7074500f066.jpg
ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Ҳамлаи мутақобили артиши Украина аллакай оғоз шудааст, гуфт дар як сабти садоӣ, ки дар Telegram-канали худаш раҳбари гурӯҳи “Вагнер” Евгений Пригожин нашр кардааст.“Мо фаъолияти зиёди нерӯҳои ҳавоии душманро мушоҳида дорем. Мо фаъолияти баландтарини онро дар хати ҷабҳа мебинем, — гуфт ӯ.Вай қайд кард, ки Киев "берун аз марзҳои таърихии Украина" фаъол шудааст."Мо вазъро дар манотиқи мухталифи назорат дорем. Аз ин рӯ, ман боварӣ дорам, ки ҳама чиз аллакай оғоз шудааст. Ин кай ба марҳилаи боз ҳам фаъолтар мегузарад? Фикр мекунам, ки дар ояндаи наздик, шояд дар рӯзҳои наздик", - афзуд Пригожин.Дар бораи ҳамлаи қарибулвуқӯъи артиши Украина ҳам дар Киев ва ҳам дар Ғарб борҳо эълон шуда буд. Яке аз самтҳои зарбаи артиши Украина ин минтақаи Запорожье номида мешавад, ки бо мақсади расидан ба соҳили баҳри Азов ба хотири аз байн бурдани долони заминӣ ба Қрим дониста мешавад.Котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков таъкид кард, ки Маскав ҳама гуна изҳоротро дар бораи ҳамлаи дарпешистода бодиққат назорат мекунад ва ҳангоми тарҳрезии амалиёти махсус онҳоро ба назар мегирад.Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таҳқиру генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."Дар вокуниш ба ҳамлаи террористӣ ба пули Қрим ва дигар ҳамлаҳо ба инфрасохтори ғайринизомӣ дар Русия, Нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар пайваста ба саноати дифоъ, фармондеҳии низомӣ, иртиботот ва энержии Украина зарба мезананд.
https://sputnik.tj/20230501/artish-rusiya-mushak-tavlid-siloh-ukrainaro-qat-1056801450.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/1a/1056704320_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_820ce02dc7d8db267628a1c3ae5ca911.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, пригожин, вагнер, ҳамлаи мутақобил, нерӯҳои украинӣ, артиш, ҷабҳа
русия, пригожин, вагнер, ҳамлаи мутақобил, нерӯҳои украинӣ, артиш, ҷабҳа
Пригожин бар он аст, ки ҳамлаи мутақобили нерӯҳои Украина алакай оғоз шудааст
20:59 03.05.2023 (Навсозишуда: 21:12 03.05.2023) Раҳбари гурӯҳи “Вагнер” ахиран эълон кардааст, ки қувваҳои мусаллаҳи Украина дар хати ҷабҳа алакай ба ҳамлаи мутақобил оғоз кардаанд
ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Ҳамлаи мутақобили артиши Украина аллакай оғоз шудааст, гуфт дар як сабти садоӣ, ки дар Telegram-канали худаш раҳбари гурӯҳи “Вагнер” Евгений Пригожин нашр кардааст.
“Мо фаъолияти зиёди нерӯҳои ҳавоии душманро мушоҳида дорем. Мо фаъолияти баландтарини онро дар хати ҷабҳа мебинем, — гуфт ӯ.
Вай қайд кард, ки Киев "берун аз марзҳои таърихии Украина" фаъол шудааст.
"Мо вазъро дар манотиқи мухталифи назорат дорем. Аз ин рӯ, ман боварӣ дорам, ки ҳама чиз аллакай оғоз шудааст. Ин кай ба марҳилаи боз ҳам фаъолтар мегузарад? Фикр мекунам, ки дар ояндаи наздик, шояд дар рӯзҳои наздик", - афзуд Пригожин.
Дар бораи ҳамлаи қарибулвуқӯъи артиши Украина ҳам дар Киев ва ҳам дар Ғарб борҳо эълон шуда буд. Яке аз самтҳои зарбаи артиши Украина ин минтақаи Запорожье номида мешавад, ки бо мақсади расидан ба соҳили баҳри Азов ба хотири аз байн бурдани долони заминӣ ба Қрим дониста мешавад.
Котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков таъкид кард, ки Маскав ҳама гуна изҳоротро дар бораи ҳамлаи дарпешистода бодиққат назорат мекунад ва ҳангоми тарҳрезии амалиёти махсус онҳоро ба назар мегирад.
Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таҳқиру генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Дар вокуниш ба ҳамлаи террористӣ ба пули Қрим ва дигар ҳамлаҳо ба инфрасохтори ғайринизомӣ дар Русия, Нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар пайваста ба саноати дифоъ, фармондеҳии низомӣ, иртиботот ва энержии Украина зарба мезананд.