Ҳушдори КҲФ аз боридани боронҳои пуршиддату жола

Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки 6-7-уми май дар қаламрави кишвар ҳавои номусоид дар назар аст
ДУШАНБЕ, 3 мая — Sputnik. Ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар додааст, ки дар ноҳияҳои ҷудогонаи тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд боронҳои пуршиддат ва ҳатто жола меборад, раъду барқ мешавад.
“Ҳангоми раъду барқ дар баъзе ноҳияҳо бод шиддат мегирад. Хатари зарар дидан аз барқ (чароғак) вуҷуд дорад. Дар роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо хатари лағзиши тарма, ярч ва резиши санг вуҷуд дорад”, - таъкид кардааст манбаъ.
Ҳамзамон КҲФ ҳушдор додааст, ки эҳтимоли болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои ҷоришаванда аз қаторкӯҳҳои Ҳисор, дарёҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ), Вахш, Зарафшон ва Исфара зиёд аст.
КҲФ аз кулли сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш кардааст, ки дар ин рӯзҳо аз сафарҳои безарурат аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.
Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки боронҳои пуршиддат метавонанд боиси афзудани шумори садамаҳо дар роҳҳо шаванд. Бахусус, дар роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ ҳавои тираву боронӣ ҳаракати мошинҳоро ба мушкил рӯбарӯ месозад.
Спасательный круг. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2023
Ғарқи се нафар: Наҷотдиҳандагон ҷасади ду нафар пайдо карданд
КҲФ ҳушдор додааст, ки рафтан ба саҳро барои анҷом додани корҳои кишоварзӣ, молчаронӣ ва рафтан ба доманакӯҳҳо барои ғунучини ҳезум ё гиёҳҳои шифобахш хатар дорад.
Наҷотдиҳандагон аз ҳамаи ронандагоне, ки сафари дур доранд, хоҳиш кардааст, ки дар ҳавои боронӣ, ки маъмулан муҳитро тира мекунад, суръати ҳаракатро боло набаранд ва ҷони худу ҷони ҳамсафарони худро дар хатар нагузоранд.
“Сокинон бояд сари вақт ҷӯйбору каналҳо ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна монеъаҳо тоза кунанд, то хатари харобӣ аз сел вуҷуд надошта бошад. Ҳавои номусоид метавонад боиси зарар дидани хатҳои интиқоли барқ шавад, ба боди шадид метавонад ба бомҳои хонаҳои истиқоматӣ зарар расонад”, хабар додааст манбаъ.
КҲФ аз сокинон хоҳиш кардааст, ки дар кӯчаҳо зери дарахтон ва пояҳои сустниҳоди рекломҳо гардиш накунанд ва тадбирҳои бехатариро ҷиддан риоя кунанд.
Лентаи хабарҳо
0