Содироти гази Туркманистон ба Покистон тариқи Қандаҳор оғоз шуд

© Sputnik / ANDREW ABRAMOVКухонная газовая плита
Кухонная газовая плита - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2023
Обуна шудан
Ҳукумати феълии Афғонистон эълон кард, ки барои аввалин бор содироти газ аз Туркманистон ба Покистон аз масири Қандаҳор содирот мегардад
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Cухангӯи волии толибҳо* дар Қандаҳор хабар додааст, ки барои аввалин бор гази Туркманистон аз масири Қандаҳор ба Покистон содир мешавад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Муҳамад Юнус Маҳамадӣ раиси утоқи тиҷорату сармоягузорӣ толибҳо* мегуяд, ки ин нахустин бор аст, ки гази Туркманистон аз ин масир ба Покистон содир мешавад.
Барои аввалин бор маҳмулаи гази шомили 50 мутари нафткаш будааст.
Ёдовар мешавем, ки арҳи интиқоли гази Туркманистон аз тариқи Афғонистон ба Покистону Ҳинд беш аз бист сол аст, ки ҳануз иҷрои он оғоз нашудааст.
Газопровод высокого давления от Елабуги до Нижнекамска - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.01.2023
Ташкили нерӯҳои вижа аз сӯйи толибҳо барои ҳимояи тарҳи ТАПИ
Қарордоди аввалияи тарҳи ТАПИ дар соли 2008 миёни се кишвари Афғонистон, Покистону Ҳинд имзо шуд ва қарордоди аввалия миёни се кишвар бо Туркманистон низ дар соли 2010 ба имзо расид. Тарҳи мазкур бояд то соли 2018 такмил мешуд, аммо ҳамчунон қадами ҷиддӣ барои такмили ин пружа бардошта нашудааст.
Чнде пеш мақомоти толибҳо хабар дода буд, ки ҳукумати феълӣ барои ташкили нерӯи вижаи амниятӣ барои таъмини амнияти тарҳи интиқоли гази Туркманистон аз Афғонистон ба Ҳинду Покистон, мавсум ба тарҳи ТАПИ, омодагии комил дорад.
Толибҳо - ба далели фаъолиятҳои террористии таҳти таҳримҳои созмон Милал қарор доранд.
Лентаи хабарҳо
0