Рустами Эмомалӣ дигарбора президенти CAFA интихоб шуд

© SputnikРустами Эмомали, архивное фото
Рустами Эмомали, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2023
Обуна шудан
Дар Конгресси ҳаштуми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони федератсияҳои минтақа раёсати CAFA интихоб шуд
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дубора ба муддати чаҳор соли нав президенти CAFA интихоб шуд.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки интихоботи раёсат дар шаҳри Душанбе дар конгресси ҳаштуми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор шуд.
Манбаъ афзуд, Рустами Эмомалӣ пас аз дубора интихоб шуданаш ба мақоми президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ба роҳбарони федератсияҳои футболи аъзои CAFA барои боварӣ изҳори сипос кард. Ӯ илова намуд, ки бо саъю кӯшиши якҷоя рушди футбол дар минтақа идома хоҳад ёфт.
Президенти Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияи футбол - ФИФА, Ҷованни Инфантино - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2023
Президенти ФИФА роҳи пешрафти футбол дар Тоҷикистонро гуфт
Дар ҳамоиш президенти Федератсияи футболи Туркманистон Арслан Айназаров ва президенти Федератсияи футболи Афғонистон Муҳаммад Юсуф Коргар ноибони президенти CAFA интихоб шуданд.
Дабири кулли Федератсияи футболи Эрон Ҳидоят Мумбенӣ ба ҳайати нави Кумитаи иҷроияи CAFA ворид шуда, ноиби раиси Иттиҳодияи футболи Қирғизистон Достонбек Конокбоев узви Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё аз Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ гардид.
Инчунин президенти ФИФА Ҷанни Инфантино, президенти КФО Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа, дар ин ҳамоиш Рустами Эмомалиро ба муносибати дубора ба мақоми президентӣ интихоб шуданаш табрик гуфтаанд, ба ӯ дар рушди футбол дар минтақа комёбиҳо таманно карданд.
Лентаи хабарҳо
0