Муштзанҳои тоҷик чемпионати ҷаҳонро бо пирӯзӣ оғоз карданд

Бокс, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2023
Обуна шудан
Тоҷикистонро дар чемпионати ҷаҳон дар риштаи бокс миёни мардон, ки то 14 май даршаҳри Тошканди Ӯзбекистон давом мекунад, 13 варзишгар намояндагӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Парвиз Каримов дар марҳилаи аввали Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар Тошканд пирӯз шуд.
Ӯ дар даври аввал бо Амин Маҷнуни эронӣ қувваозмоӣ карда, ба даври баъдӣ роҳ ёфт. Мусобиқа то 14 май идома мекунад.
Инчунин ахиран муштзанҳои тоҷик Асрор Воҳидов дар вазни то 57 кило ва Абубакр Муродзода дар вазни то 60 кило рақибони худро шикаст дода, ба даври баъдӣ роҳ ёфтанд.
Аз Тоҷикистон дар чемпионат Меҳрон Шафиев, Меҳроб Ҳамидов, Меҳроҷ Зоидов дар, Асрор Воҳидов, Абубакр Муродзода, Баҳодур Усмонов, Расул Аҳадов, Довуд Маҳкамов, Некрӯз Салимов, Шаббос Негматуллоев, Парвиз Каримов, Давлат Болтаев ва Муҳаммад Аброриддинов ширкат доранд.
Боксёр - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2023
Се медали муштзанҳои ҷавони тоҷик дар қаҳрамонии Осиё
Қаблан иттилоъ дода шуд, ки дар мусобиқаи мазкур 640 варзишгар аз 140 давлат номнавис шуда, сабқатҳо дар 13 категорияи вазнӣ доир мешаванд.
Варзишкорони Русия ва Белорус дар ин сабқат бо парчаму дигар рамзхои миллияшон ҳунарнамоӣ мекунанд.
Бритониё, ИМА, Лаҳистон, Швейтсария, Ҳолланд, Ирландия, Ҷумҳурии Чех, Шветсия, Канада, Украина, Олмон ва Норвегия аз фиристодани варзишгарони худ ба мусобиқа худдорӣ карданд.
Хазинаи ҷоизаи чемпионат беш аз 5 млн долларро ташкил дода, барандаҳои ҷойи аввал дар ҳамаи вазнҳо 200 ҳазор доллар, барандагони медали нуқра 100 ва барандагони медали биринҷӣ 50 ҳазор доллар дарёфт хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0