Бо розигии президент: дар ВМКБ тағйироти кадрӣ анҷом шуд

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание администрации города Хорог, архивное фото
Здание администрации города Хорог, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2023
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар дастгоҳи марказии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйироти кадрӣ анҷом.
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон барои тағйирот дар дастгоҳи марказии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон розигӣ додааст.
Ба асоси он муовини якуми раиси ВМКБ Сафарзода Шарифхон Нураҳмад таъйин шудааст.
Ба гузориши дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон Сафарзода, ки то кунун раиси ноҳияи Варзоб буд имрӯз 1 май бо фармони президент барканор гардид.
Ӯ дар ин мақом аз 25 июни соли 2022 фаъолият дошт ва даҳ моҳ кор кард. То расидан ба мақом раҳбари Варзоб ӯ муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ буд.
Эмомалӣ РАҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2023
Тағйироти кадрӣ: Раҳмон раиси ду ноҳияро барканор кард
Мавсу ҳамакнун дар ин мақом Мирзозода Низом Юсуфиро иваз мекунад, ки моҳи ноябри соли 2021 дар ин мақом нишаста буд.
Ҳамчунин имрӯз дар соҳаи тандурустии вилоят низ тағйирот сурат гирифтааст.
Ҳамин тариқ, бо қарори раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва розигии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, Абдолбеков Ташриф Музафарбекович ба вазифаи сардори Раёсати тандурустӣ дар вилоят таъйин гардидааст.
Лентаи хабарҳо
0