https://sputnik.tj/20230501/nozironi-shsh-hamapursi-uzbekistonro-demokrati-etirof-1056793390.html
Ҳайати нозирони СҲШ ҳамапурсӣ дар Ӯзбекистонро демократӣ эътироф кард
Ҳайати нозирони СҲШ ҳамапурсӣ дар Ӯзбекистонро демократӣ эътироф кард
Sputnik Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Ҳайати нозирони Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) раъйпурсии конститутсионии Ӯзбекистонро ошкор, шаффоф ва демократӣ эътироф мекунад. 01.05.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-05-01T13:59+0500
2023-05-01T13:59+0500
2023-05-01T13:59+0500
ӯзбекистон
сҳш
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102122/82/1021228275_0:150:3108:1898_1920x0_80_0_0_4aab187230e30f62bca5032f7967e705.jpg
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Ҳайати нозирони Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) раъйпурсии конститутсионии Ӯзбекистонро ошкор, шаффоф ва демократӣ эътироф мекунад.Дар ин бора котиби генералии ташкилот Чжан Мин изҳор доштааст.Ба гуфтаи дабири кулли СҲШ, "дар Узбакистон шароити зарурӣ барои баргузории раъйпурсӣ фароҳам оварда шудааст, ки онҳо ба талаботи қонунгузории интихоботи кишвар ва ӯҳдадориҳои байналмилалии кишвар мувофиқанд."Шаҳрвандони Узбакистон рӯзи якшанбе ба тарҳи қонун дар бораи Қонуни асосии кишвар дар таҳрири нав раъй доданд.Тибқи иттилои Маркази Комиссияи марказии интихобот, ширкат дар раъйпурсӣ 84,54 дарсади шумори умумии интихобкунандагон ё беш аз 16,6 миллион нафарро ташкил дод, ки 90,21 дарсад ё беш аз 15 миллион нафар ба ҷонибдории Қонуни асосии навшуда овоз додаанд.Ҳамин тариқ, тибқи тағйироти ҷадид, аз се ду ҳиссаи қонуни асосӣ дар ин кишвар тағйир меёбад.Бар асоси тағйирот, президенти кишвар на ба 5, балки барои 7 сол интихоб гардида, аз салоҳиятҳои нав, аз ҷумла ҳаққи пешбарии номзадҳо ба мақоми нахуствазирро хоҳад дошт. Ҳоло ин корро ҳизби ҳоким дар кишвар анҷом медиҳад.Сарвари давлат инчунин ҳақ пайдо хоҳад кард, ки интихоботи пеш аз муҳлати президентро таъин кунад. Тарҳи нави Конститутсия инчунин васеъ намудани ваколатҳои парлумонро пешбинӣ кардааст.Қонуни асосии Ӯзбекистон соли 1992 қабул шуда, тағйирот ба он дар солҳои 2009, 2016 ва 2017 ворид шуда буданд.
https://sputnik.tj/20230315/mirziyoev-metavonad-davra-seum-intikhob-1055525639.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102122/82/1021228275_190:0:2919:2047_1920x0_80_0_0_f2941531d56fbf3129b020290ccc3b4f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ӯзбекистон, сҳш, сиёсат
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Ҳайати нозирони Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) раъйпурсии конститутсионии Ӯзбекистонро ошкор, шаффоф ва демократӣ эътироф мекунад.
Дар ин бора котиби генералии ташкилот Чжан Мин изҳор доштааст.
"Мо нақзи қонунро надидем. Намояндагӣ раъйпурсиро ошкоро, шаффоф ва демократӣ эътироф мекунад",- гуфт Чжан Минг дар брифинге ба хабарнигорон.
Ба гуфтаи дабири кулли СҲШ, "дар Узбакистон шароити зарурӣ барои баргузории раъйпурсӣ фароҳам оварда шудааст, ки онҳо ба талаботи қонунгузории интихоботи кишвар ва ӯҳдадориҳои байналмилалии кишвар мувофиқанд."
Шаҳрвандони Узбакистон рӯзи якшанбе ба тарҳи қонун дар бораи Қонуни асосии кишвар дар таҳрири нав раъй доданд.
Тибқи иттилои Маркази Комиссияи марказии интихобот, ширкат дар раъйпурсӣ 84,54 дарсади шумори умумии интихобкунандагон ё беш аз 16,6 миллион нафарро ташкил дод, ки 90,21 дарсад ё беш аз 15 миллион нафар ба ҷонибдории Қонуни асосии навшуда овоз додаанд.
Ҳамин тариқ, тибқи тағйироти ҷадид, аз се ду ҳиссаи қонуни асосӣ дар ин кишвар тағйир меёбад.
Бар асоси тағйирот, президенти кишвар на ба 5, балки барои 7 сол интихоб гардида, аз салоҳиятҳои нав, аз ҷумла ҳаққи пешбарии номзадҳо ба мақоми нахуствазирро хоҳад дошт. Ҳоло ин корро ҳизби ҳоким дар кишвар анҷом медиҳад.
Сарвари давлат инчунин ҳақ пайдо хоҳад кард, ки интихоботи пеш аз муҳлати президентро таъин кунад. Тарҳи нави Конститутсия инчунин васеъ намудани ваколатҳои парлумонро пешбинӣ кардааст.
Қонуни асосии Ӯзбекистон соли 1992 қабул шуда, тағйирот ба он дар солҳои 2009, 2016 ва 2017 ворид шуда буданд.