https://sputnik.tj/20230501/muarrifii-sarmurabbii-navi-khujand-u-kist-1056785258.html
Муаррифии сармураббии нави "Хуҷанд": Ӯ кист?
Муаррифии сармураббии нави "Хуҷанд": Ӯ кист?
Sputnik Тоҷикистон
Раёсати бошгоҳи футболи "Хуҷанд" сармураббии нави ин дастаро ба кор ҷалб карда, ӯро дар ҳузури расонаҳо дар маркази маъмурии вилояти Суғд муаррифӣ мекунад
2023-05-01T09:45+0500
2023-05-01T09:45+0500
2023-05-01T09:45+0500
дар тоҷикистон
хуҷанд
сармураббӣ
тим
футбол
истеъфо
муаррифӣ
навигариҳои варзиши тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102386/59/1023865946_0:293:3000:1981_1920x0_80_0_0_dc5877a99c01d8e7e71102676bdc04bc.jpg
ДУШАНБЕ, 1май – Sputnik. Сармураббии тими "Хуҷанд", Нумон Ҳасанов таъйин шудааст, иттилоъ дод манбаи Sputnik Тоҷикистон аз бошгоҳ. Ба иттилои манбаъ, Ҳасанов мутахассиси ӯзбекистонӣ буда, муаррифии ӯ 1 май дар шаҳри Хуҷанд дар ҳузури намояндагони расонаҳо сурат мегирад. Мутахассиси ӯзбекистонӣ дар мақоми сармураббии "Хуҷанд" Рустам Хоҷаевро иваз мекунад, ки ахиран аз ин вазифа истеъфо дод. Ин дуввумин истеъфои Хоҷаев буд. Вай апрели 2022 низ мехост аз даста биравад, аммо раҳбарияти бошгоҳ аризаи истеъфоияшро қабул накард. Ӯ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон истеъфояшро шарҳ дода, гуфт, чунин тасмимро пас аз бозии "Хуҷанд" бо "Файзканд" гирифт, ки бо натиҷаи мусовӣ 2:2 анҷом ёфт."Вақте натиҷаи дилхоҳ нашуд, тасмим гирифтам, ки биравам. Даста шояд бо мутахассиси дигар ба дастовардҳои нав ноил шавад”,- афзуд собиқ сармураббӣ. Вай гуфт, замони кор дар "Хуҷанд" барояш давраи хубу хотирмон буд ва бовар дорад, ки тим бо зарфияти доштааш пирӯзиҳо хоҳад дошт.Мураббии шинохта гуфт, ҳоло озод буда, пешниҳоди корие дарёфт накардааст.Рустам Хоҷаев қаблан аз соли 2017 то 2018 "Хуҷанд"-ро роҳбарӣ карда, бо клуб Ҷоми Тоҷикистон-2017-ро ба даст овард ва дар чемпионати соли 2017 медали нуқра гирифт.
https://sputnik.tj/20230430/medalgirii-qaiqronhoi-tojik-samarqand-1056777023.html
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102386/59/1023865946_0:0:2716:2037_1920x0_80_0_0_61b15160301bfee4e763dc89957923f9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сармураббӣ, тим, хуҷанд, футбол, бошгоҳ
сармураббӣ, тим, хуҷанд, футбол, бошгоҳ
Муаррифии сармураббии нави "Хуҷанд": Ӯ кист?
Эксклюзив
Раёсати бошгоҳи футболи "Хуҷанд" сармураббии нави ин дастаро ба кор ҷалб карда, ӯро дар ҳузури расонаҳо дар маркази маъмурии вилояти Суғд муаррифӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 1май – Sputnik. Сармураббии тими "Хуҷанд", Нумон Ҳасанов таъйин шудааст, иттилоъ дод манбаи Sputnik Тоҷикистон аз бошгоҳ.
Ба иттилои манбаъ, Ҳасанов мутахассиси ӯзбекистонӣ буда, муаррифии ӯ 1 май дар шаҳри Хуҷанд дар ҳузури намояндагони расонаҳо сурат мегирад.
Мутахассиси ӯзбекистонӣ дар мақоми сармураббии "Хуҷанд" Рустам Хоҷаевро иваз мекунад, ки ахиран аз ин вазифа истеъфо дод. Ин дуввумин истеъфои Хоҷаев буд. Вай апрели 2022 низ мехост аз даста биравад, аммо раҳбарияти бошгоҳ аризаи истеъфоияшро қабул накард.
Ӯ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон истеъфояшро шарҳ дода, гуфт, чунин тасмимро пас аз бозии "Хуҷанд" бо "Файзканд" гирифт, ки бо натиҷаи мусовӣ 2:2 анҷом ёфт.
"Вақте натиҷаи дилхоҳ нашуд, тасмим гирифтам, ки биравам. Даста шояд бо мутахассиси дигар ба дастовардҳои нав ноил шавад”,- афзуд собиқ сармураббӣ.
Вай гуфт, замони кор дар "Хуҷанд" барояш давраи хубу хотирмон буд ва бовар дорад, ки тим бо зарфияти доштааш пирӯзиҳо хоҳад дошт.
Мураббии шинохта гуфт, ҳоло озод буда, пешниҳоди корие дарёфт накардааст.
Рустам Хоҷаев қаблан аз соли 2017 то 2018 "Хуҷанд"-ро роҳбарӣ карда, бо клуб Ҷоми Тоҷикистон-2017-ро ба даст овард ва дар чемпионати соли 2017 медали нуқра гирифт.