Дар вилояти Брянск тепловоз бар асари таркиш аз роҳ берун шуд

© Sputnik / Asatur YesayantsЖелезная дорога
Железная дорога - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2023
Обуна шудан
Дар роҳи оҳан дар ноҳияи Унечскии вилоят маводи таркандаи номаълум ба кор даромад, ки дар натиҷаи он ҳафт вагони пурбор чаппа шудааст
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Қатораи боркаш дар вилояти Брянск ҳангоми ҳаракат аз роҳи оҳанро баромад. Дар ин бора раиси вилоят Александр Богомаз дар канали худ дар Telegram хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, дар роҳи оҳан як маводи тарканда ба кор даромад, ки сабаби чунин ҳодиса гардид.
"Дар километри 136-уми роҳи оҳани Брянск-Унеча дар ноҳияи Унечский маводи таркандаи номаълум ба кор даромад, ки дар натиҷа тепловози қатораи боркаш аз роҳ берун шуд", — омадааст дар хабар.
Поезд аз 60 вагон иборат буд, ки дар он маҳсулоти нафтӣ ва чубу тахта буданд, ки 7-тои он аз роҳи оҳан баромадааст.
Бронежилет и рация сотрудника ФСБ РФ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Низомиёни Русия ба нобудсозии нерӯҳои милатгарои украинӣ дар вилояти Брянск оғоз карданд
Дар ҷои ҳодиса сӯхтор низ ба амал омадааст, аммо хушбахтона дар натиҷаи ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Гуфта мешавад, ки ҳаракат дар ин қитъаи роҳи оҳан қатъ шудааст, хадамоти оперативӣ кор мекунанд.
Мақомот аз эҳтимоли таъхир дар қаторҳои мусофирбар хабар медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0