Иштироки 13 муштзани тоҷикистонӣ дар Чемпионати ҷаҳон

© Pixabay/Kokeshi75Боксерская арена, перчатки
Боксерская арена, перчатки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2023
Обуна шудан
Аз 30 апрел то 14 май даршаҳри Тошканди Ӯзбекистон Чемпионати ҷаҳони бокс байни мардон баргузор мешавад, ки дар он беҳтари муштзанҳои тоҷик иштирок хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Тоҷикистонро дар дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс байни мардон, ки дар Тошканд баргузор мешавад, 13 варзишгар намояндагӣ хоҳад кард, иттилоъ додааст Федератсияи бокси Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон варзишгарон Меҳрон Шафиев, Меҳроб Ҳамидов, Меҳроҷ Зоидов дар, Асрор Воҳидов, Абубакр Муродзода, Баҳодур Усмонов, Расул Аҳадов, Довуд Маҳкамов, Некрӯз Салимов, Шаббос Негматуллоев, Парвиз Каримов, Давлат Болтаев ва Муҳаммад Аброриддинов шомил мебошанд.
Таъкид шудааст, ки дар мусобиқаи мазкур 640 варзишгар аз 140 давлат номнавис шудааст. Сабқатҳо дар 13 категорияи вазнӣ доир мешаванд.
Женский бой чемпионата Азии по боксу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2023
Чаҳор бонуи тоҷик дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс ширкат мекунад
Ҳамзамон таъкид шудааст, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар ин сафар ноиби президенти федератсия Шаббос Негматуллоев, сармураббӣ Алӣ Бобоҷонов ва мураббиён Хуршед Ҷӯраев, Рустам Музаффаров ва Мирзо Шамсиев ҳамроҳӣ мекунанд.
Қайд карда шудааст, ки фонди умумии ҷоизаҳо дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар байни мардҳо 5,2 млн. долларро ташкил медиҳад.
Ғолибони ҷойи аввал дар ҳамаи вазнҳо 200 ҳазор доллар, барандагони медали нуқра 100 ҳазор ва барандагони медали биринҷӣ 50 ҳазор доллар дарёфт хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0