https://sputnik.tj/20230429/hushdor-tolibho-shuro-amniyati-smm-1056765027.html
Ҳушдори толибҳо ба Шӯрои амнияти СММ
Ҳушдори толибҳо ба Шӯрои амнияти СММ
Sputnik Тоҷикистон
Яке аз чеҳраҳои намоёни гурӯҳи толибҳо мегӯяд, ки Шӯрои амнияти Созмони Милали муттаҳид набояд ба сиёсат шикастхурда фишор идома диҳад
2023-04-29T09:30+0500
2023-04-29T09:30+0500
2023-04-29T09:30+0500
афғонистон
осиёи марказӣ
толибон
смм
фишор
сиёсат
занон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/14/1042991241_0:298:3007:1989_1920x0_80_0_0_3ecf3aeca91d79cf9186a0b211d551b8.jpg
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Яке аз раҳбарони аршади толибҳо Анас Ҳаққонӣ ахиран ба Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҳушдор дод, ки пас аз тасвиби қатъномае, ки аъзои он маҳдудиятҳои фазояндаи Кобул бар занонро маҳкум карданд, аз "сиёсати шикастхурдаи фишори" худ даст бардорад.Ин қатънома, ки ахиран ба иттифоқи оро аз сӯии тамомии 15 узви шӯро тасвиб шуд, гуфт ки мамнуъияти кори занон барои Созмони ҷаҳонӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ дар Афғонистон "ҳуқуқи башар ва усули башардӯстонаро тазъиф мекунад".Шӯро аз "ҳамаи давлатҳо ва созмонҳо хост то аз нуфузи худ истифода кунанд "то" баргардондани фаврии ин сиёсатҳо ва шеваҳоро тарвиҷ кунанд".Анас Ҳаққонӣ, яке аз раҳбарони аршади ҷумбиши толибҳо аммо бидуни нақши расмии давлатӣ, гуфт ки шӯро "набояд ба сиёсати шикастхурда фишорро идома диҳад".Вай дар саҳифаи твиттерии худ навиштааст: "ҳар мавқеъияте, ки иттихоз шавад, ки бар асоси дарак амиқ набошад, натоиҷи матлубро ба даст намеоварад ва ҳамеша бе асар хоҳад буд".Вай афзуд, ки шӯро дар иваз бояд таҳримҳои дипломатӣ ва молии аъмол шуда бар теъдоде аз мақомотро, ки "мусаввабаи муҷозоти дастаҷамъии афғонҳо аст"-ро ҳазф кунад.Қобил ёдоварист, ки занон аз вуруд ба аксари омӯзишҳои мутавассит ва донишгоҳҳо манъ шудаанд, аз кор дар аксари машоғили давлатӣ ва ҳамчунин созмонҳои ғайридавлатӣ манъ шудаанд ва аз вуруд ба фазоҳои умуми монанди варзишгоҳҳо ва паркҳо ҷилавгирӣ шудаанд.
https://sputnik.tj/20230422/ghani-rahbaron-tolibho-sarvatmand-afrodi-afghoniston-tabdil-1056618519.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/14/1042991241_275:0:3006:2048_1920x0_80_0_0_d98ab2232ba8fbc121f8310147c82e45.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толибҳо, афғонистон, ҳушдор, смм, осиёи марказӣ, фишор, сиёсат
толибҳо, афғонистон, ҳушдор, смм, осиёи марказӣ, фишор, сиёсат
Ҳушдори толибҳо ба Шӯрои амнияти СММ
Яке аз чеҳраҳои намоёни гурӯҳи толибҳо мегӯяд, ки Шӯрои амнияти Созмони Милали муттаҳид набояд ба сиёсат шикастхурда фишор идома диҳад
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Яке аз раҳбарони аршади толибҳо Анас Ҳаққонӣ ахиран ба Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҳушдор дод, ки пас аз тасвиби қатъномае, ки аъзои он маҳдудиятҳои фазояндаи Кобул бар занонро маҳкум карданд, аз "сиёсати шикастхурдаи фишори" худ даст бардорад.
Ин қатънома, ки ахиран ба иттифоқи оро аз сӯии тамомии 15 узви шӯро тасвиб шуд, гуфт ки мамнуъияти кори занон барои Созмони ҷаҳонӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ дар Афғонистон "ҳуқуқи башар ва усули башардӯстонаро тазъиф мекунад".
Шӯро аз "ҳамаи давлатҳо ва созмонҳо хост то аз нуфузи худ истифода кунанд "то" баргардондани фаврии ин сиёсатҳо ва шеваҳоро тарвиҷ кунанд".
Анас Ҳаққонӣ, яке аз раҳбарони аршади ҷумбиши толибҳо аммо бидуни нақши расмии давлатӣ, гуфт ки шӯро "набояд ба сиёсати шикастхурда фишорро идома диҳад".
Вай дар саҳифаи твиттерии худ навиштааст: "ҳар мавқеъияте, ки иттихоз шавад, ки бар асоси дарак амиқ набошад, натоиҷи матлубро ба даст намеоварад ва ҳамеша бе асар хоҳад буд".
Вай афзуд, ки шӯро дар иваз бояд таҳримҳои дипломатӣ ва молии аъмол шуда бар теъдоде аз мақомотро, ки "мусаввабаи муҷозоти дастаҷамъии афғонҳо аст"-ро ҳазф кунад.
Қобил ёдоварист, ки занон аз вуруд ба аксари омӯзишҳои мутавассит ва донишгоҳҳо манъ шудаанд, аз кор дар аксари машоғили давлатӣ ва ҳамчунин созмонҳои ғайридавлатӣ манъ шудаанд ва аз вуруд ба фазоҳои умуми монанди варзишгоҳҳо ва паркҳо ҷилавгирӣ шудаанд.