https://sputnik.tj/20230429/eron-dushanbevu-tehron-amniyat-mintaqa-hamkori-taqviyat-1056767685.html
Эрон: Душанбеву Теҳрон барои ҳифзи амнияти минтақа ҳамкориҳои худро тақвият медиҳанд
Эрон: Душанбеву Теҳрон барои ҳифзи амнияти минтақа ҳамкориҳои худро тақвият медиҳанд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири дифои Эрон дар дидор бо ҳамтои тоҷикаш бар тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи Теҳрону Душанбе барои ҳифзи амният дар минтақа таъкид кард
2023-04-29T13:30+0500
2023-04-29T13:30+0500
2023-04-29T13:30+0500
дар тоҷикистон
шералӣ мирзо
вазири дифоъ
эрон
ҳамкорӣ
равобит
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/0e/1055492900_0:260:1106:882_1920x0_80_0_0_d152a452bc3d1a87063d9657be4e109b.jpg
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Вазири дифои Эрон Муҳаммадризо Қароии Оштиёнӣ, дар дидор бо вазири дифои Тоҷикистон генерал Шералӣ Мирзо дар ҳошияи иҷлоси Созмони Ҳамкории Шанхай гуфт, кишварҳои Осиёи Марказӣ ба маҳали таъомул ва баъзан тақобулу рақобати геополитикии кишварҳои минтақаӣ ва фароминтақаӣ табдил шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории “iranpress”.Вай афзуд, дар чунин шароите қудратҳои фароминтақаӣ ба дунболи манофеъи худ ҳастанд ва бар ҳамин асос Тоҷикистону Эрон бояд барои ҳифзи амнияти минтақа ҳамкориҳои худро тақвият кунанд.Генерал Оштиёнӣ таъкид кард, ки узвияти Эрону Тоҷикистон дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай фурсатҳои қобили таваҷҷуҳеро барои ду кишвар эҷод мекунад, ки бояд барои он барномарезӣ кард.Вазири дифои Эрон авлавияти Теҳрон дар ҳамкориҳои дифоӣ ва низомӣ бо Душанберо тақвияти бунияи дифоии ин кишвар ба вижа мубориза бо тероризм эълом кард.Вазири дифои Тоҷикистон низ дар ин дидор бо ишора ба фарҳанги муштараку собиқаи торихӣ ва тамаддунии Эрону Тоҷикистон равобити ду кишварро амиқ ва аз ҷинси бародарона донистааст.Нишасти вазирони дифои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Ҳинд баргузор шуд.Созмони ҳамкории Шанхай 15 июни 2001 дар Шанхай аз сӯи Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таъсис шуд ва 9 кишвари Эрон, Ҳинд, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон низ ба узвияти расмии ин созмон пазируфта шуданд.
https://sputnik.tj/20230415/eron-tojikiston-dushanbe-poytakhti---video-1056472294.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/0e/1055492900_0:156:1106:986_1920x0_80_0_0_869c9ef575af1217a2f77989c580a498.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, тақвият, амният, шералӣ мирзо, генерали эронӣ, вазири дифоъ
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, тақвият, амният, шералӣ мирзо, генерали эронӣ, вазири дифоъ
Эрон: Душанбеву Теҳрон барои ҳифзи амнияти минтақа ҳамкориҳои худро тақвият медиҳанд
Вазири дифои Эрон дар дидор бо ҳамтои тоҷикаш бар тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи Теҳрону Душанбе барои ҳифзи амният дар минтақа таъкид кард
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Вазири дифои Эрон Муҳаммадризо Қароии Оштиёнӣ, дар дидор бо вазири дифои Тоҷикистон генерал Шералӣ Мирзо дар ҳошияи иҷлоси Созмони Ҳамкории Шанхай гуфт, кишварҳои Осиёи Марказӣ ба маҳали таъомул ва баъзан тақобулу рақобати геополитикии кишварҳои минтақаӣ ва фароминтақаӣ табдил шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории “iranpress”.
Вай афзуд, дар чунин шароите қудратҳои фароминтақаӣ ба дунболи манофеъи худ ҳастанд ва бар ҳамин асос Тоҷикистону Эрон бояд барои ҳифзи амнияти минтақа ҳамкориҳои худро тақвият кунанд.
“Эрон ҳамвора ҳомии сулҳу сабот ва амнияту тамомияти арзии Тоҷикистон будааст ва ин сиёсатро бо қудрат идома хоҳад дод”, - афзуд генерали эронӣ.
Генерал Оштиёнӣ таъкид кард, ки узвияти Эрону Тоҷикистон дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай фурсатҳои қобили таваҷҷуҳеро барои ду кишвар эҷод мекунад, ки бояд барои он барномарезӣ кард.
Вазири дифои Эрон авлавияти Теҳрон дар ҳамкориҳои дифоӣ ва низомӣ бо Душанберо тақвияти бунияи дифоии ин кишвар ба вижа мубориза бо тероризм эълом кард.
Вазири дифои Тоҷикистон низ дар ин дидор бо ишора ба фарҳанги муштараку собиқаи торихӣ ва тамаддунии Эрону Тоҷикистон равобити ду кишварро амиқ ва аз ҷинси бародарона донистааст.
“Бо мурури таҳаввулоти ҷаҳону минтақа мавзӯи нигарониҳои амниятӣ барои ду кишвар муштарак аст”, - гуфт Шералӣ Мирзо.
Нишасти вазирони дифои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Ҳинд баргузор шуд.
Созмони ҳамкории Шанхай 15 июни 2001 дар Шанхай аз сӯи Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таъсис шуд ва 9 кишвари Эрон, Ҳинд, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон низ ба узвияти расмии ин созмон пазируфта шуданд.