Дар Тоҷикистон ду шаҳраки нав бо номи Сарбанду Заҳматобод таъсис мешавад

© Ҳукумати ТоҷикистонМаҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон
Маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2023
Обуна шудан
Дар маҷлиси ахири ҳукумат ғайр аз баҳси тағийроту иловаҳо ба қонун, ҳамчунин масъалаи таъсисдодани шаҳракҳои нав ва номгузории онҳо баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Дар маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон таҳти раёсати Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аъзои ҳукумат масъалаи таъсис додани шаҳраки нав дар маркази маъмурии шаҳри Левакант ва номгузорӣ намудани он ба Сарбанд баррасӣ шуд.
“Пешниҳоди мазкур ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант ирсол шуд. Ҳамчунин аъзои ҳукумат пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Восеъ дар бораи таъсис додани шаҳраки нав дар ҳудуди деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва номгузорӣ намудани он ба шаҳраки Заҳматобод, инчунин иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Восеъро баррасӣ карданд”, - таъкид шудааст дар маҷлиси ҳукумат.
Ҳамзамон тибқи иттилои манбаъ дар ин ҷаласа лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ” ва 6 пешниҳоди хулосаи Ҳукумати кишвар ба лоиҳаҳои якчанд қонунҳо, баррасӣ гардид.
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ бо муовинонаш Раҷаббой Аҳмадзода ва Ёдгор Файзов (аз рост) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2020
Баррасии тағйири ҳудуди ноҳияҳои Душанбе: Рустами Эмомалӣ вакилонро ба маҷлис хонд
Дар ҷаласа дар бораи барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва барномаи рушди минтақаи сайёҳии “Роғун”, инчунин дар бораи Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар ва тартиби пардохти моддии моҳонаи якумра ба ғолибон ва ҷоизадорони бозиҳои олимпӣ, паралимпӣ ва сурдлимпӣ дар кишвар, қарори дахлдор қабул карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0