https://sputnik.tj/20230428/taziya-hukumat-halokati-sardori-shubai-kdam-khorugh-1056754989.html
Таъзияи ҳукумат аз ҳалокати полковник Раҷабзода сардори шуъбаи КДАМ дар Хоруғ
Таъзияи ҳукумат аз ҳалокати полковник Раҷабзода сардори шуъбаи КДАМ дар Хоруғ
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати шаҳри Хоруғ бо таъйиди ҳалокати сардори шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ин шаҳр ба наздиконаш сабри ҷамил хостааст 28.04.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-04-28T16:05+0500
2023-04-28T16:05+0500
2023-04-28T16:55+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
афғонистон
вмкб
хоруғ
таъзия
оташ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102734/46/1027344681_0:92:2731:1628_1920x0_80_0_0_63a129ffaab322d32ff35207f74adee5.jpg
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Сардори шуъбаи амнияти шаҳри Хоруғ, полковник Раҷабзода Комрон Исроил зимни амалиёти махсус барои пешгирӣ намудани сарҳадшиканӣ қурбон шудааст. Дар ин бора шаҳрдории Хоруғ бо нашри як таъзиянома хабар додааст. "Шаби 28 апрели соли 2023 зимни анҷом додани амалиëти махсус барои пешгирӣ намудани шикастани хати сарҳади давлатӣ яке аз родмардони шуҷоъ, сардори шуъбаи амнияти шаҳри Хоруғ, полковник Раҷабзода Комрон Исроил ҷони худро қурбон намуд", - гуфт манбаъ. Таъкид шудааст, ки марги нобаҳангоми ин ҷавонмарди ҷавонмарг барои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ва сокинони он низ талафоти бузург аст, зеро саҳми марҳум дар таъмини амну субот ва осудагии сокинони шаҳр ниҳоят бузург буд."Хизматҳои наҷиби ин родмарди содиқи Ватан ҳамчун шоҳкории азим ва мактаби бузурги ватандӯстию хештаншиносӣ ва ҷавонмардию шуҷоатмандӣ барои насли ҷавон абадан боқӣ хоҳад монд", - омадааст дар таъзиянома.Ахиран КДАМ иттилоъ дод, ки гуруҳи 8-нафарии қочоқбарон, бо мақсади интиқоли маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон ва силоҳу лавозимоти ҷангӣ ба Тоҷикистон дар минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии 9-уми "Тишор"-и отряди сарҳадии "Хоруғ" марзшиканӣ кардаанд. Дар пайи даргирии мусаллаҳона ҷинояткорон ба оташи ҷавобӣ тоб наоварда, маводи мухаддир ва силоҳу лавозимоти ҷангиро дар ҷои ҳодиса партофта, бо истифода аз торикии шаб ба тарафи Афғонистон фирор карданд, омадааст дар иттилоия.КДАМ ҳалокати як низомиро таъйид карда буд, аммо аз шахсияташ нагуфта буд. Таъкид шудааст, ки дар ҷои ҳодиса 3 нафар ҳаммаслакони қочоқбарони афғон аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон дастгир карда шуданд.
https://sputnik.tj/20230428/dargiri-musallahona-margbor-marz-tojikiston-afghoniston-1056743753.html
афғонистон
вмкб
хоруғ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102734/46/1027344681_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_7a812120d66577ae774109abd55bf9ea.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, амният ва мудофиа, афғонистон, вмкб, хоруғ, таъзия, оташ
дар тоҷикистон, амният ва мудофиа, афғонистон, вмкб, хоруғ, таъзия, оташ
Таъзияи ҳукумат аз ҳалокати полковник Раҷабзода сардори шуъбаи КДАМ дар Хоруғ
16:05 28.04.2023 (Навсозишуда: 16:55 28.04.2023) Ҳукумати шаҳри Хоруғ бо таъйиди ҳалокати сардори шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ин шаҳр ба наздиконаш сабри ҷамил хостааст
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Сардори шуъбаи амнияти шаҳри Хоруғ, полковник Раҷабзода Комрон Исроил зимни амалиёти махсус барои пешгирӣ намудани сарҳадшиканӣ қурбон шудааст.
Дар ин бора шаҳрдории Хоруғ бо нашри як таъзиянома хабар додааст.
"Шаби 28 апрели соли 2023 зимни анҷом додани амалиëти махсус барои пешгирӣ намудани шикастани хати сарҳади давлатӣ яке аз родмардони шуҷоъ, сардори шуъбаи амнияти шаҳри Хоруғ, полковник Раҷабзода Комрон Исроил ҷони худро қурбон намуд", - гуфт манбаъ.
Таъкид шудааст, ки марги нобаҳангоми ин ҷавонмарди ҷавонмарг барои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ва сокинони он низ талафоти бузург аст, зеро саҳми марҳум дар таъмини амну субот ва осудагии сокинони шаҳр ниҳоят бузург буд.
"Хизматҳои наҷиби ин родмарди содиқи Ватан ҳамчун шоҳкории азим ва мактаби бузурги ватандӯстию хештаншиносӣ ва ҷавонмардию шуҷоатмандӣ барои насли ҷавон абадан боқӣ хоҳад монд", - омадааст дар таъзиянома.
Ахиран КДАМ иттилоъ дод, ки гуруҳи 8-нафарии қочоқбарон, бо мақсади интиқоли маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон ва силоҳу лавозимоти ҷангӣ ба Тоҷикистон дар минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии 9-уми "Тишор"-и отряди сарҳадии "Хоруғ" марзшиканӣ кардаанд.
Дар пайи даргирии мусаллаҳона ҷинояткорон ба оташи ҷавобӣ тоб наоварда, маводи мухаддир ва силоҳу лавозимоти ҷангиро дар ҷои ҳодиса партофта, бо истифода аз торикии шаб ба тарафи Афғонистон фирор карданд, омадааст дар иттилоия.
КДАМ ҳалокати як низомиро таъйид карда буд, аммо аз шахсияташ нагуфта буд. Таъкид шудааст, ки дар ҷои ҳодиса 3 нафар ҳаммаслакони қочоқбарони афғон аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон дастгир карда шуданд.