https://sputnik.tj/20230427/rahmon-narkh-piyoz-tojikiston-garon-1056717273.html
Раҳмон гуфт, ки чаро нархи пиёз дар Тоҷикистон гарон шуд: навбат ба картошка?
Раҳмон гуфт, ки чаро нархи пиёз дар Тоҷикистон гарон шуд: навбат ба картошка?
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон аз сокинон ва деҳқонони Хатлон даъват кард, ки махсусан, ба кишти картошка, лӯбиёгиҳо ва сабзавот, аз ҷумла пиёз, диққат диҳанд
2023-04-27T11:55+0500
2023-04-27T11:55+0500
2023-04-27T11:55+0500
дар тоҷикистон
пиёз
нархи қимат
эмомалӣ раҳмон
маҳсулот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1c/1039809606_0:156:3000:1844_1920x0_80_0_0_a09432d3540ca867af329ab06cb3c474.jpg
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Таъмин нагардидани кишти пиёз дар ноҳияи Ҷайҳун, ки ин маҳсулот бештар дар он ҷой парвариш мешавад, боиси гаронию камчинии он дар бозор шуд.Президент зимни суханронӣ дар ҳузури фаъолони Хатлон гуфт, ки соли гузашта маҳз дар ҳамин ноҳияи 1038 гектар пиёз кам кишт шуд.Тибқи омор дар Хатлон то 17-уми апрел дар майдони 193 ҳазор гектар кишти баҳорӣ гузаронида шудааст, ки аз он 18 ҳазор гектарро зироатҳои ғалладонагӣ, 131 ҳазор гектар зироатҳои техникӣ, 6 ҳазор гектар картошка ва 19,2 ҳазор гектарро сабзавот ташкил дода, дурнамои кишти баҳорӣ 92 фоиз таъмин гардидааст.Ба таъкиди президент, нишондиҳанда дар шаҳру ноҳияҳои зиёди вилоят, ғайр аз ноҳияҳои Вахш, Панҷ, Темурмалик, Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ёвон, Шаҳритус ва Кӯшониён иҷро нагардидааст."Дар баробари ин, то 17-уми апрели соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят нисбат ба дурнамо дар майдони 1900 гектар кишти картошка кам шудааст", - афзуд раисҷумҳур.Ӯ аз сокинон ва деҳқонони минтақа даъват кард, ки махсусан, ба кишти картошка, лӯбиёгиҳо ва сабзавот, аз ҷумла пиёз, ки дар бозори дохилӣ ва минтақа талабот ба онҳо зиёд мебошад, инчунин рӯёнидани се-чор ҳосил диққат диҳанд.Эътибори ҷиддӣ ба масъалаи захираи маҳсулот барои фасли тирамоҳу зимистонро Эмомалӣ Раҳмон муҳим хонд.
https://sputnik.tj/20230424/piyozi-tojikiston-bozor-qazoqiston-boloravii-narkh-najot-1056647630.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1c/1039809606_167:0:2834:2000_1920x0_80_0_0_bb6421e386658c449ac67e400861e803.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон нарх пиёз тоҷикистон гарон
раҳмон нарх пиёз тоҷикистон гарон
Раҳмон гуфт, ки чаро нархи пиёз дар Тоҷикистон гарон шуд: навбат ба картошка?
Президенти Тоҷикистон аз сокинон ва деҳқонони Хатлон даъват кард, ки махсусан, ба кишти картошка, лӯбиёгиҳо ва сабзавот, аз ҷумла пиёз, диққат диҳанд
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Таъмин нагардидани кишти пиёз дар ноҳияи Ҷайҳун, ки ин маҳсулот бештар дар он ҷой парвариш мешавад, боиси гаронию камчинии он дар бозор шуд.
Президент зимни суханронӣ дар ҳузури фаъолони Хатлон гуфт, ки соли гузашта маҳз дар ҳамин ноҳияи 1038 гектар пиёз кам кишт шуд.
“Яъне аз ҳисоби танҳо дар як ноҳия пурра таъмин нашудани кишти пиёз истеҳсоли он зиёда аз 50 ҳазор тонна кам гардид”, - таъкир кард раисҷумҳур.
Тибқи омор дар Хатлон то 17-уми апрел дар майдони 193 ҳазор гектар кишти баҳорӣ гузаронида шудааст, ки аз он 18 ҳазор гектарро зироатҳои ғалладонагӣ, 131 ҳазор гектар зироатҳои техникӣ, 6 ҳазор гектар картошка ва 19,2 ҳазор гектарро сабзавот ташкил дода, дурнамои кишти баҳорӣ 92 фоиз таъмин гардидааст.
Ба таъкиди президент, нишондиҳанда дар шаҳру ноҳияҳои зиёди вилоят, ғайр аз ноҳияҳои Вахш, Панҷ, Темурмалик, Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ёвон, Шаҳритус ва Кӯшониён иҷро нагардидааст.
"Дар баробари ин, то 17-уми апрели соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят нисбат ба дурнамо дар майдони 1900 гектар кишти картошка кам шудааст", - афзуд раисҷумҳур.
Ӯ аз сокинон ва деҳқонони минтақа даъват кард, ки махсусан, ба кишти картошка, лӯбиёгиҳо ва сабзавот, аз ҷумла пиёз, ки дар бозори дохилӣ ва минтақа талабот ба онҳо зиёд мебошад, инчунин рӯёнидани се-чор ҳосил диққат диҳанд.
Эътибори ҷиддӣ ба масъалаи захираи маҳсулот барои фасли тирамоҳу зимистонро Эмомалӣ Раҳмон муҳим хонд.