https://sputnik.tj/20230426/tayini-safiri-navi-pokiston-dar-tojikiston-1056689619.html
Таъйини сафири нави Покистон дар Тоҷикистон
Таъйини сафири нави Покистон дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Сафири навтаъйини Ҷумҳурии исломии Покистон дар Душанбе нусхаи эътимодномаашро ба муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон супорид
2023-04-26T11:05+0500
2023-04-26T11:05+0500
2023-04-26T11:05+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
покистон
сафир
дипломат
таъйин
вазорати корҳои хориҷии тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/1a/1056689735_0:107:1200:782_1920x0_80_0_0_4b7a338d06d3d1196196ed11f772a331.jpg
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Муҳаммад Саид Сарвар сафири нави фавқулодда ва мухтори Покистон дар Тоҷикистон таъйин шудааст. Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Муҳаммад Саид Сарвар нусхаи эътимодномаашро ба муовини вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, Фарҳод Салим супорид. Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири Покистонро ба муносибати ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик карда, ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Душанбе комёбиҳо таманно намуд.Маврид ба зикр аст, ки аз соли 2019 дар мақоми сафири Покистон дар Душанбе Имрон Ҳайдар кор мекард. Тоҷикистону Покистон ба таври дуҷониба ва ҳамчунин дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамкорӣ доранд. Аз ҷумла ҳарду кишвар узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай мебошанд. Инчунин ду кишварро Афғонистон пайванд мекунад, ки субот дар он ҷо барои рушди муносиботи ду кишвар муҳим арзёбӣ мешавад. Қаблан сафири Тоҷикистон дар Покистон, Исматулло Насриддин таъкид дошта буд, ки манфиатҳои муштараки ду кишвар ба истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон рабт доранд. Афғонистон пайвандгари Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ аст ва бидуни мусолиҳа ҳамкорӣ бо ин кишвар ғайриимкон аст, ӯ. Дипломати тоҷик пешниҳод карда буд, ки дар якҷоягӣ бо мақомоти Покистон бояд ба толибҳо барои ташкили ҳукумати фарогир, ки дар он намояндагони тамоми ақвоми Афғонистон бояд ҳузур дошта бошанд, таъсир расонида шавад.
https://sputnik.tj/20230413/hamsoyaho-afghoniston-tolibon-hukumat-farogir-1056427180.html
покистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/1a/1056689735_84:0:1127:782_1920x0_80_0_0_457af3a4dbe74ae3a86b6e67fc700662.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сафир, нав, тоҷикистон, покистон, таъйин
сафир, нав, тоҷикистон, покистон, таъйин
Таъйини сафири нави Покистон дар Тоҷикистон
Сафири навтаъйини Ҷумҳурии исломии Покистон дар Душанбе нусхаи эътимодномаашро ба муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон супорид
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Муҳаммад Саид Сарвар сафири нави фавқулодда ва мухтори Покистон дар Тоҷикистон таъйин шудааст.
Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Муҳаммад Саид Сарвар нусхаи эътимодномаашро ба муовини вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, Фарҳод Салим супорид.
"Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо сатҳи кунунии робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои мубрами дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд", - омадааст дар иттилоия.
Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири Покистонро ба муносибати ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик карда, ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Душанбе комёбиҳо таманно намуд.
Маврид ба зикр аст, ки аз соли 2019 дар мақоми сафири Покистон дар Душанбе Имрон Ҳайдар кор мекард.
Тоҷикистону Покистон ба таври дуҷониба ва ҳамчунин дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамкорӣ доранд. Аз ҷумла ҳарду кишвар узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай мебошанд.
Инчунин ду кишварро Афғонистон пайванд мекунад, ки субот дар он ҷо барои рушди муносиботи ду кишвар муҳим арзёбӣ мешавад.
Қаблан сафири Тоҷикистон дар Покистон, Исматулло Насриддин таъкид дошта буд, ки манфиатҳои муштараки ду кишвар ба истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон рабт доранд.
Афғонистон пайвандгари Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ аст ва бидуни мусолиҳа ҳамкорӣ бо ин кишвар ғайриимкон аст, ӯ.
Дипломати тоҷик пешниҳод карда буд, ки дар якҷоягӣ бо мақомоти Покистон бояд ба толибҳо барои ташкили ҳукумати фарогир, ки дар он намояндагони тамоми ақвоми Афғонистон бояд ҳузур дошта бошанд, таъсир расонида шавад.