https://sputnik.tj/20230426/mashvarathoi-siyosii-dushanbeu-ostona-va-barrasii-safari-davlatii-rahmon-ba-qazoqiston-1056689282.html
Машваратҳои сиёсии Душанбею Остона ва баррасии сафари давлатии Раҳмон ба Қазоқистон
Машваратҳои сиёсии Душанбею Остона ва баррасии сафари давлатии Раҳмон ба Қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
Интизор меравад, ки боздиди қарибулвуқӯи раисҷумҳури Тоҷикистон аз Қазоқистон, ки дараҷаи сафари давлатиро дорад, 2 рӯз идома хоҳад кард
2023-04-26T10:25+0500
2023-04-26T10:25+0500
2023-04-26T10:25+0500
дар тоҷикистон
кишоварзӣ
сиёсат
қазоқистон
боздид
давлатӣ
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/1a/1056688927_0:105:899:611_1920x0_80_0_0_e566f5ab08594518b9a6e1792ae3fc45.jpg
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Мақомоти тоҷику қазоқ даври навбатии машваратҳои сиёсиро баргузор намуданд, ки аз мавзуъҳои меҳварии он омодагиҳо ба сафари раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон буд. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки даври навбатии машваратҳои сиёсӣ бо Қазоқистон, таҳти роҳбари муовинони вазирони корҳои хориҷии ду кишвар Содиқ Имомӣ ва Ермухамбет Конуспаев сурат гирифт. "Ҷонибҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасии амиқ қарор дода, атрофи ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва масоили амнияти минтақавӣ табодули афкор карданд", - омадааст дар иттилоия. Дар мавриди сафари давлатии президенти Тоҷикистон ба Қазоқистон зикр гардид, ки он 3-4 майи соли 2023 ба нақша гирифта шудааст. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, дар ҳошияи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон дар Конгресс-Сентри шаҳри Остона Форуми соҳибкории ду кишвар баргузор мегардад.Дар чорабинӣ намояндагони сохторҳои марбутаи давлатии Тоҷикистону Қазоқистон ва соҳибкорони ҳар ду кишвар дар самтҳои саноат, кишоварзӣ, сохтмон, сайёҳӣ, хизматрасонӣ, логистика ва фармасевтӣ иштирок хоҳанд намуд, афзуд манбаъ.
https://sputnik.tj/20230424/piyozi-tojikiston-bozor-qazoqiston-boloravii-narkh-najot-1056647630.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/1a/1056688927_0:21:899:695_1920x0_80_0_0_88b4333f2e81d3504cefbcb9a01b7f8a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сафар, президент, эмомалӣ раҳмон, остона, сафар
сафар, президент, эмомалӣ раҳмон, остона, сафар
Машваратҳои сиёсии Душанбею Остона ва баррасии сафари давлатии Раҳмон ба Қазоқистон
Интизор меравад, ки боздиди қарибулвуқӯи раисҷумҳури Тоҷикистон аз Қазоқистон, ки дараҷаи сафари давлатиро дорад, 2 рӯз идома хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Мақомоти тоҷику қазоқ даври навбатии машваратҳои сиёсиро баргузор намуданд, ки аз мавзуъҳои меҳварии он омодагиҳо ба сафари раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон буд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки даври навбатии машваратҳои сиёсӣ бо Қазоқистон, таҳти роҳбари муовинони вазирони корҳои хориҷии ду кишвар Содиқ Имомӣ ва Ермухамбет Конуспаев сурат гирифт.
"Ҷонибҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасии амиқ қарор дода, атрофи ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва масоили амнияти минтақавӣ табодули афкор карданд", - омадааст дар иттилоия.
Дар мавриди сафари давлатии президенти Тоҷикистон ба Қазоқистон зикр гардид, ки он 3-4 майи соли 2023 ба нақша гирифта шудааст.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, дар ҳошияи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон дар Конгресс-Сентри шаҳри Остона Форуми соҳибкории ду кишвар баргузор мегардад.
Дар чорабинӣ намояндагони сохторҳои марбутаи давлатии Тоҷикистону Қазоқистон ва соҳибкорони ҳар ду кишвар дар самтҳои саноат, кишоварзӣ, сохтмон, сайёҳӣ, хизматрасонӣ, логистика ва фармасевтӣ иштирок хоҳанд намуд, афзуд манбаъ.