https://sputnik.tj/20230426/kudak-shahrvandii-rusiya-qalamrav-tavallud-1056712749.html
Кӯдак метавонад шаҳрвандии Русия шавад, агар дар қаламрави ин кишвар таваллуд шавад
Кӯдак метавонад шаҳрвандии Русия шавад, агар дар қаламрави ин кишвар таваллуд шавад
Sputnik Тоҷикистон
Шӯрои Федератсияи Русия қонуни “Дар бораи шаҳрвандии Русия”-ро, ки қаблан аз ҷониби раисҷумҳури ин кишвар Владимир Путин пешниҳод шуда буд, тасвиб кард
2023-04-26T22:00+0500
2023-04-26T22:00+0500
2023-04-26T22:00+0500
дар русия
русия
шаҳрвандӣ
кӯдак
таваллуд
иҷрои шарт
қавонин
пешниҳод
раисҷумҳур
https://cdnn1.img.sputnik.tj/i/logo/logo-social.png
ДУШАНБЕ, 26 апр— Sputnik. Кӯдак пас аз таваллуд дар Русия, метавонад шаҳрванди Русия шавад, иттилоъ додааст Telegram-канал "Парламентарий".Ҳамин тариқ, рӯзи 26 апрел Шӯрои Федератсия қонуни "Дар бораи шаҳрвандии Русия"-ро тасвиб кард, ки ҳамин нуктаро дар назар дорад.Қаблан ин пешниҳодро Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба вакилони порлумон ироа карда буд."Кӯдак шаҳрвандии Русияро аз рӯи таваллуд (дар ҳолате, ки ин ҳодиса дар Русия рух додааст) дар сурате, мегирад, ки агар дар рӯзи таваллуди кӯдак яке аз волидонаш шаҳрвандии Русия ва дигаре шаҳрванди хориҷӣ бошад", - шарҳ медиҳад манбаъ.Қонуни федералӣ муқаррар кардааст, ки шаҳрвандии кӯдак ҳангоми тағир ёфтани шаҳрвандии волидони ӯ, ки аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум шудаанд, тағйир намеёбад.Дар назар аст, ки ноболиғ, ки шаҳрванди Русия мебошад, ҳангоми фарзандхонӣ аз тарафи атбои хориҷӣ шаҳрвандии Русияро нигоҳ медорад.Рӯйхати пурраи санадҳои лозима низ муайян карда шудааст, ки дар сурати мавҷуд будани яке аз онҳо шаҳрвандии кӯдак дар баробари қатъ гардидани шаҳрвандии якеаз волидайё фарзандхондагон лағв шавад.Чунин қарорро танҳо роҳбари давлат қабул карда метавонад.Тавре Владимир Полетаев, муовини аввали раиси Кумитаи қонунгузории конститутсионии Шӯрои Федератсия ва сохти давлатдорӣ шарҳ дод, дар санад ҳамчунин сабукии талабот барои қабул кардан ба шаҳрвандии Русия барои беш аз 20 гурӯҳи ашхос пешбинӣ шудааст.Аз ҷумла, пешниҳод шудааст, ки қабули шаҳрвандии Русия барои иштирокчиёни барномаи давлатии мусоидат ба кӯчонидани ихтиёрии ҳамватанон, шаҳрвандони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва фарзандони онҳо, инчунин шахсоне, ки хешовандони наздикашон дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд ва аллакай шаҳрвандони Русия мебошанд, содда карда шавад.
https://sputnik.tj/20230328/rusiya-imkon-izdivoj-qalbaki-shahrvandi-mahrum-1055797999.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, шаҳрванди, муҳоҷират, кӯдак, раисҷумҳур, шӯрои федератсия.ю қонун тағир, таваллуд
русия, шаҳрванди, муҳоҷират, кӯдак, раисҷумҳур, шӯрои федератсия.ю қонун тағир, таваллуд
Кӯдак метавонад шаҳрвандии Русия шавад, агар дар қаламрави ин кишвар таваллуд шавад
Шӯрои Федератсияи Русия қонуни “Дар бораи шаҳрвандии Русия”-ро, ки қаблан аз ҷониби раисҷумҳури ин кишвар Владимир Путин пешниҳод шуда буд, тасвиб кард
ДУШАНБЕ, 26 апр— Sputnik. Кӯдак пас аз таваллуд дар Русия, метавонад шаҳрванди Русия шавад, иттилоъ додааст Telegram-канал "Парламентарий".
Ҳамин тариқ, рӯзи 26 апрел Шӯрои Федератсия қонуни "Дар бораи шаҳрвандии Русия"-ро тасвиб кард, ки ҳамин нуктаро дар назар дорад.
Қаблан ин пешниҳодро Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба вакилони порлумон ироа карда буд.
"Кӯдак шаҳрвандии Русияро аз рӯи таваллуд (дар ҳолате, ки ин ҳодиса дар Русия рух додааст) дар сурате, мегирад, ки агар дар рӯзи таваллуди кӯдак яке аз волидонаш шаҳрвандии Русия ва дигаре шаҳрванди хориҷӣ бошад", - шарҳ медиҳад манбаъ.
Қонуни федералӣ муқаррар кардааст, ки шаҳрвандии кӯдак ҳангоми тағир ёфтани шаҳрвандии волидони ӯ, ки аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум шудаанд, тағйир намеёбад.
Дар назар аст, ки ноболиғ, ки шаҳрванди Русия мебошад, ҳангоми фарзандхонӣ аз тарафи атбои хориҷӣ шаҳрвандии Русияро нигоҳ медорад.
Рӯйхати пурраи санадҳои лозима низ муайян карда шудааст, ки дар сурати мавҷуд будани яке аз онҳо шаҳрвандии кӯдак дар баробари қатъ гардидани шаҳрвандии якеаз волидайё фарзандхондагон лағв шавад.
Чунин қарорро танҳо роҳбари давлат қабул карда метавонад.
Тавре Владимир Полетаев, муовини аввали раиси Кумитаи қонунгузории конститутсионии Шӯрои Федератсия ва сохти давлатдорӣ шарҳ дод, дар санад ҳамчунин сабукии талабот барои қабул кардан ба шаҳрвандии Русия барои беш аз 20 гурӯҳи ашхос пешбинӣ шудааст.
Аз ҷумла, пешниҳод шудааст, ки қабули шаҳрвандии Русия барои иштирокчиёни барномаи давлатии мусоидат ба кӯчонидани ихтиёрии ҳамватанон, шаҳрвандони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва фарзандони онҳо, инчунин шахсоне, ки хешовандони наздикашон дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд ва аллакай шаҳрвандони Русия мебошанд, содда карда шавад.