Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Зеленский заминаи пешравиҳои Русияро гуфт

© AP / Andrew KravchenkoПрезидент Украины Владимир Зеленский, архивное фото
Президент Украины Владимир Зеленский, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2023
Обуна шудан
Ҷониби Украина мегӯяд, назорати пурраи Артёмовск барои нерӯҳои Русия барои ҳамлаи минбаъда ба Краматорск ва Славянск замина эҷод мекунад
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Киев наметавонад Артёмовскро тарк кунад, зеро дар ин сурат нерӯҳои Русия имкони ишғол кардани қаламравҳои бештар хоҳанд дошт, гуфт президенти Украина Владимир Зеленский дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии арабии "Al-Arabiya".
"Мо наметавонем аз Артёмовск даст кашем, зеро он ҷабҳаро васеъ мекунад ва ба нерӯҳои Русия ва "Вагнер" имкон медиҳад, ки қаламрави бештарро ишғол кунанд", - гуфт ӯ.
Дар ин гузориши телевизионӣ таъкид шуд, ки назорати пурраи Артёмовск барои нерӯҳои Русия барои ҳамлаи минбаъда ба Краматорск ва Славянск замина эҷод мекунад.
Қаблан Вазорати мудофиаи Украина бо эътирофи пешрафтҳои қувваҳои мусаллаҳи Русия дар Артёмовск таъкид намуд, ки вазъ шадид, вале назоратшаванда мебошад.
Моҳҳо қабл Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Киевро аз эҳтимоли муҳосираи нирӯҳояш дар Артёмовск ҳушдор дода, пешниҳод карда будаанд, ки шаҳрро тарк кунад.
Военнослужащий РФ на Запорожском направлении - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Украина сокинони осоиштаро аз назди ҷабҳа дуртар бурда истодааст
Мақомоти ИМА таъкид карда буд, ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина "агар дар давоми як моҳи оянда ақиб нанишинанд, хатари муҳосира шуданашон мумкин аст".
Ёдовар мешавем, ки Артёмовск дар шимоли Горловка дар Донетск ҷойгир аст. Ин як маркази муҳими нақлиётӣ барои таъмини нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар Донбасс аст. Бештар аз ним сол аст, ки барои шаҳр муҳорибаҳои шадид давом доранд.
Лентаи хабарҳо
0