https://sputnik.tj/20230424/hamkori-harbi-iqtisodi-saad-dushanbe-1056639384.html
Баҳси ҳамкории корхонаҳои ҳарбии кишварҳои узви СААД дар Душанбе
Баҳси ҳамкории корхонаҳои ҳарбии кишварҳои узви СААД дар Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Гуруҳҳои корӣ аз кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар пойтахти Тоҷикистон ҷамъ меоянд, то татбиқи қарорҳои қаблиро баррасӣ намоянд
2023-04-24T11:50+0500
2023-04-24T11:50+0500
2023-04-24T11:50+0500
дар тоҷикистон
саноат
ҳамкорӣ
вазоратҳои мудофиа
ҳарбӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/11/1049290054_0:65:3163:1844_1920x0_80_0_0_d80a25d24f7f36bddc56dc0f6f186769.jpg
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Рушди ҳамгироӣ ва робитаҳои корхонаҳо ва созмонҳои мудофиавии комплекси ҳарбию саноатии давлатҳои узви СААД аз мавзуъҳои меҳварии ҳамоиши намояндагони созмон дар Душанбе арзёбӣ мешавад. Ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, ҷаласаи XXI комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкории ҳарбию иқтисодии давлатҳои узви СААД 27 апрел дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст. Бар асоси барнома иштирокдорони ҷаласаи комиссияи байнидавлатӣ масъалаҳои марбут ба ҷараёни иҷрои протокол ва қарорҳои қаблияшонро ба миён мегузоранд. Ҷаласаи қаблии комиссияи байнидавлатӣ соли 2022 дар шаҳри Маскав баргузор шуда буд. Иштирокдорони фаъолияти заминавии созмон дар самти рушди ҳамгироӣ ва робитаҳои корхонаҳо ва созмонҳои мудофиавии комплекси ҳарбию саноатии давлатҳои аъзои ин созмон ва дигар масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориро баррасӣ хоҳанд кард. СААД феълан 6 кишвар - Тоҷикистон, Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Арманистон ва Белорусро дар бар мегирад.Кишварҳои узв дар самти таъмини амнияти ҳамдигар ҳамкорӣ доранд. Ахиран тағйироти ҷадид ба оинномаи СААД ворид шуд, ки тибқи он аъзои созмон, аз ҷумла дар соҳаи амнияти биологӣ низ ҳамкорӣ хоҳанд кард.
https://sputnik.tj/20230331/saad-intiqol-asliha-artishi-ukraina-muzokirot-sulh-1055895029.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/11/1049290054_158:0:2887:2047_1920x0_80_0_0_d85216ab30c4f6ae3fae861491379761.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамоиш, кишварҳо, узв, саад, созмон
ҳамоиш, кишварҳо, узв, саад, созмон
Баҳси ҳамкории корхонаҳои ҳарбии кишварҳои узви СААД дар Душанбе
Гуруҳҳои корӣ аз кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар пойтахти Тоҷикистон ҷамъ меоянд, то татбиқи қарорҳои қаблиро баррасӣ намоянд
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Рушди ҳамгироӣ ва робитаҳои корхонаҳо ва созмонҳои мудофиавии комплекси ҳарбию саноатии давлатҳои узви СААД аз мавзуъҳои меҳварии ҳамоиши намояндагони созмон дар Душанбе арзёбӣ мешавад.
Ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, ҷаласаи XXI комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкории ҳарбию иқтисодии давлатҳои узви СААД 27 апрел дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.
Бар асоси барнома иштирокдорони ҷаласаи комиссияи байнидавлатӣ масъалаҳои марбут ба ҷараёни иҷрои протокол ва қарорҳои қаблияшонро ба миён мегузоранд.
Ҷаласаи қаблии комиссияи байнидавлатӣ соли 2022 дар шаҳри Маскав баргузор шуда буд.
Иштирокдорони фаъолияти заминавии созмон дар самти рушди ҳамгироӣ ва робитаҳои корхонаҳо ва созмонҳои мудофиавии комплекси ҳарбию саноатии давлатҳои аъзои ин созмон ва дигар масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориро баррасӣ хоҳанд кард.
СААД феълан 6 кишвар - Тоҷикистон, Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Арманистон ва Белорусро дар бар мегирад.
Кишварҳои узв дар самти таъмини амнияти ҳамдигар ҳамкорӣ доранд. Ахиран тағйироти ҷадид ба оинномаи СААД ворид шуд, ки тибқи он аъзои созмон, аз ҷумла дар соҳаи амнияти биологӣ низ ҳамкорӣ хоҳанд кард.