https://sputnik.tj/20230424/dasturi-prezident-sokinoni-tojikiston-navruz-1056640724.html
Бо дастури президент: Чаро бархе сокинони Тоҷикистон Наврӯзро охири апрел ҷашн мегиранд?
Бо дастури президент: Чаро бархе сокинони Тоҷикистон Наврӯзро охири апрел ҷашн мегиранд?
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти ВМКБ мегӯянд, дар деҳоти дурдасту баландкӯҳ бо сабаби шароити иқлимӣ, имкони таҷлили Наврӯзи дар санаи тақвимӣ вуҷуд надорад
2023-04-24T12:31+0500
2023-04-24T12:31+0500
2023-04-24T12:40+0500
фарҳанг
дар тоҷикистон
вмкб
ҷашн
наврӯз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/17/1033058275_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_0a453a2b3090cf45497014ab9a2706a4.jpg
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Сокинони водии Хуфи ноҳияи Рӯшон бо иштироки роҳбарони ВМКБ Наврӯзро таҷлил карданд, ки расо як моҳ баъд аз санаи тақвимии ин ҷашн, сурат гирифт. Ба иттилои мақомоти ВМКБ, бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон минбаъд, дар он деҳоти дурдасту баландкӯҳ, ки бо сабаби шароити иқлимӣ, имкони таҷлили Наврӯзи фархунда дар санаи тақвимӣ вуҷуд надорад, чорабиниҳои идона дар давоми як моҳи баъди фарорасии Наврӯз баргузор мегарданд.Водии Хуф аз ҷумлаи минтақаҳои нисбатан дурдасти ВМКБ буда, бисёре аз расму оини аҷдодӣ дар он ҳифз шуданд. Мақомоти ВМКБ мегӯянд, дар ҷашни Наврӯз сокинони Хуф меҳмононро бо расму русуми аҷдодӣ пешвоз гирифта, дастранҷи аҳли заҳмати ҷамоат ба маърази тамошо гузошта шуда буд.Манбаъ афзуд, ки бахшида ба Наврӯз чорабиниҳои варзишӣ, аз намуди куштӣ, волейбол, арғамчинкашӣ ва гурзбардорӣ доир гардида, ғолибон бо туҳфаҳо ва мукофотӣ пулӣ қадрдонӣ шуданд. Дар рафти чорабинӣ барномаи рангини консертӣ аз ҷониби беҳтарин ҳунармандони шуъбаи фарҳанги вилоят ва санъаткорони шинохтаи ҷумҳурӣ Нобовар Чиноров ва Хайёми Хаёлбек манзури ҳозирин гардонда шуд, омадааст дар иттилоия.
https://sputnik.tj/20230331/raqs-otashbozi-barnoma-notakror-tajlili-navruz-sugd-1055893077.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/17/1033058275_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_8da0a64c99592a1a233e5fa8858a28da.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
наврӯз, водӣ, хуф, вмкб, таҷлил, баландкуҳ
наврӯз, водӣ, хуф, вмкб, таҷлил, баландкуҳ
Бо дастури президент: Чаро бархе сокинони Тоҷикистон Наврӯзро охири апрел ҷашн мегиранд?
12:31 24.04.2023 (Навсозишуда: 12:40 24.04.2023) Мақомоти ВМКБ мегӯянд, дар деҳоти дурдасту баландкӯҳ бо сабаби шароити иқлимӣ, имкони таҷлили Наврӯз дар санаи тақвимӣ вуҷуд надорад
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Сокинони водии Хуфи ноҳияи Рӯшон бо иштироки роҳбарони ВМКБ Наврӯзро таҷлил карданд, ки расо як моҳ баъд аз санаи тақвимии ин ҷашн, сурат гирифт.
Ба иттилои мақомоти ВМКБ, бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон минбаъд, дар он деҳоти дурдасту баландкӯҳ, ки бо сабаби шароити иқлимӣ, имкони таҷлили Наврӯзи фархунда дар санаи тақвимӣ вуҷуд надорад, чорабиниҳои идона дар давоми як моҳи баъди фарорасии Наврӯз баргузор мегарданд.
Водии Хуф аз ҷумлаи минтақаҳои нисбатан дурдасти ВМКБ буда, бисёре аз расму оини аҷдодӣ дар он ҳифз шуданд.
Мақомоти ВМКБ мегӯянд, дар ҷашни Наврӯз сокинони Хуф меҳмононро бо расму русуми аҷдодӣ пешвоз гирифта, дастранҷи аҳли заҳмати ҷамоат ба маърази тамошо гузошта шуда буд.
Манбаъ афзуд, ки бахшида ба Наврӯз чорабиниҳои варзишӣ, аз намуди куштӣ, волейбол, арғамчинкашӣ ва гурзбардорӣ доир гардида, ғолибон бо туҳфаҳо ва мукофотӣ пулӣ қадрдонӣ шуданд.
Дар рафти чорабинӣ барномаи рангини консертӣ аз ҷониби беҳтарин ҳунармандони шуъбаи фарҳанги вилоят ва санъаткорони шинохтаи ҷумҳурӣ Нобовар Чиноров ва Хайёми Хаёлбек манзури ҳозирин гардонда шуд, омадааст дар иттилоия.