ЮНЕСКО аз осори таърихии Бомиён муҳофизат мекунад

© AFP 2023 / Bulent KilicДевочка у пещерных домов в афганском Бамиане
Девочка у пещерных домов в афганском Бамиане  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2023
Обуна шудан
Созмони ЮНЕСКО ахиран эълом кардааст, ки ба дар рӯзҳои наздик лоиҳаи муҳофизат аз осори таърихии Бомиёнро аз сар мегирад
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Созмони илмӣ, омузиши фарҳангии Милали Муттаҳид - ЮНЕСКО тасмим гирифтааст пружаи ҳифозат аз осори торихии Бомиёнро аз сар бигирад, иттилоъ додааст хабаргузории “Парс Тудей”.
Рӯзномаи ҳунар ба нақл аз Лудо ҳамоҳангкунанда барномаи ҷомеъи роҳбурдӣ Бомиён Мирлоу навишт, ки иҷрои пружаи ҳифозат аз мироси фарҳангии Бомиён ба ҳифозат аз мироси фарҳангии Афғонистон суботи иқтисодӣ дар минтақа кумак мекунад.
Пружаи чанд миллион долларии ҳифозат аз осори торихии Бомиён, ки бо ҳимояти молии кишвари Италия оғоз ба кор карда буд, ба дунболи қудрат гирифтани толибҳо мутаваққиф шуда буд.
Глава Афганистана Ашраф Гани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2023
Ғанӣ: Раҳбарони толибҳо ба сарватмандтарин афроди Афғонистон табдил шудаанд
Ба гузориши рӯзномаи ҳунар дар конфаронсе, ки ахиран дар Донишгоҳи Флоранси Италия баргузор шуд, вазорати хориҷаи Италия эълом кард ин кишвар тасмим гирифтааст ба ҳимояти молӣ аз пружаи Бомиён идома диҳад.
Пружаи ЮНЕСКО бар ҳифзи сахраҳое, ки бахше аз осори торихии Бомиён аз ҷумлаи пайкараҳои вайроншудаи Будо ва мағораҳҳои пуршуморро дар худ ҷой дода ва ҳамчунин бар муҳофизат аз шаҳри бостонии Ғулғула мутамарказ хоҳад буд .
Лентаи хабарҳо
0