https://sputnik.tj/20230423/rospotrebnadzor-giriftoroni-surkhakon-muhojiron-1056630467.html
Роспотребнадзор: 10%-и гирифторони сурхакон ба муҳоҷирон рост меояд
Роспотребнадзор: 10%-и гирифторони сурхакон ба муҳоҷирон рост меояд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти беҳдоштии Русия бар ин аст, ки хуруҷи бемории сурхакон дар кишвар ба афзиши тадриҷии аҳолие мебошад, ки қаблан аз ин маризӣ ваксина нагирифтаанд
2023-04-23T18:30+0500
2023-04-23T18:30+0500
2023-04-23T18:30+0500
дар русия
муҳоҷират
сурхак
бемор
ваксина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103135/39/1031353987_0:166:3073:1894_1920x0_80_0_0_a47014aaf89fe9265288b16f35da3bb7.jpg
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Афзоиши бемории сурхак дар Русия аз охири соли 2022 бо раванди анъанавии даврӣ алоқаманд аст, иттилоъ дод ТАСС бо такя ба дафтари матбуоти Роспотребнадзор. Ин ниҳод таъкид кардааст, ки афзоиши шумори мубталоён ба бемории сурхак "ба сабаби афзоиши аҳолии моякӯбинашуда" мебошад. Ҳамин тариқ, шаҳрвандони Русия ва инчунин шахсони аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба омада, гирифтори беморӣ мешаванд. Таъкид гардид, ки хатари паҳншавии эпидемияи сурхакон истисно карда мешавад.Қаблан дар Екатеринбург афзоиши гирифторони бемории сурхак дар миёни шаҳрвандони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба қайд гирифта шуда буд.Вазорати тандурустии Русия мегӯяд, ки ҳамаи муҳоҷирони гирифтори ин беморӣ аллакай дар бемористон бистарӣ шудаанд ва муолиҷаи зарурӣ доранд. Гуфта мешавад, ки яке аз кӯдакони гирифтори сурхча дар авоили моҳи феврал аз Тоҷикистон ба ин шаҳри Русия омадааст.Ҳолатҳои гирифторӣ ба ин беморӣ дар дигар минтақаҳои Русия, аз ҷумла Санкт-Петербург низ ба қайд гирифта шуд. Моҳи марти соли ҷорӣ аз ҷониби Сардухтури давлатии санитарии Русия қарор имзо шуда буд, ки тибқи он дар соли 2023 дар тамоми манотиқи кишвар маъракаи ваксиназанӣ зидди бемории сурхак гузаронида мешавад.Кӯдакон ва калонсолон, инчунин муҳоҷирони меҳнатие, ки қаблан ваксина нагирифтаанд бояд эм карда шаванд. Маъракаи мазкур то 31 декабри соли 2023 идома дошта, гуфта мешавад, ки фарогирӣ бояд на камтар аз 95%-и аҳолӣ бошад.
https://sputnik.tj/20230414/maqomot-maskav-moyakubi-muhojiron-tojik-surkhacha-1056465920.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103135/39/1031353987_165:0:2896:2048_1920x0_80_0_0_421e55cf2a47682f6f3a6434b0986e62.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фоиз, беморӣ, сурхакон, муҳоҷирон, гирифторӣ
фоиз, беморӣ, сурхакон, муҳоҷирон, гирифторӣ
Роспотребнадзор: 10%-и гирифторони сурхакон ба муҳоҷирон рост меояд
Мақомоти беҳдоштии Русия бар ин аст, ки хуруҷи бемории сурхакон дар кишвар ба афзиши тадриҷии аҳолие мебошад, ки қаблан аз ин маризӣ ваксина нагирифтаанд
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Афзоиши бемории сурхак дар Русия аз охири соли 2022 бо раванди анъанавии даврӣ алоқаманд аст, иттилоъ дод ТАСС бо такя ба дафтари матбуоти Роспотребнадзор.
Ин ниҳод таъкид кардааст, ки афзоиши шумори мубталоён ба бемории сурхак "ба сабаби афзоиши аҳолии моякӯбинашуда" мебошад.
Ҳамин тариқ, шаҳрвандони Русия ва инчунин шахсони аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба омада, гирифтори беморӣ мешаванд.
"Ба муҳоҷирон тақрибан 10%-и ҳолатҳои ошкоршуда рост меояд", - омадааст дар иттилоияи "Роспотребнадзор".
Таъкид гардид, ки хатари паҳншавии эпидемияи сурхакон истисно карда мешавад.
Қаблан дар Екатеринбург афзоиши гирифторони бемории сурхак дар миёни шаҳрвандони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба қайд гирифта шуда буд.
Вазорати тандурустии Русия мегӯяд, ки ҳамаи муҳоҷирони гирифтори ин беморӣ аллакай дар бемористон бистарӣ шудаанд ва муолиҷаи зарурӣ доранд. Гуфта мешавад, ки яке аз кӯдакони гирифтори сурхча дар авоили моҳи феврал аз Тоҷикистон ба ин шаҳри Русия омадааст.
Ҳолатҳои гирифторӣ ба ин беморӣ дар дигар минтақаҳои Русия, аз ҷумла Санкт-Петербург низ ба қайд гирифта шуд.
Моҳи марти соли ҷорӣ аз ҷониби Сардухтури давлатии санитарии Русия қарор имзо шуда буд, ки тибқи он дар соли 2023 дар тамоми манотиқи кишвар маъракаи ваксиназанӣ зидди бемории сурхак гузаронида мешавад.
Кӯдакон ва калонсолон, инчунин муҳоҷирони меҳнатие, ки қаблан ваксина нагирифтаанд бояд эм карда шаванд. Маъракаи мазкур то 31 декабри соли 2023 идома дошта, гуфта мешавад, ки фарогирӣ бояд на камтар аз 95%-и аҳолӣ бошад.