https://sputnik.tj/20230423/milliarder-rus-taqdiri-dollar-oyanda-1056624463.html
Василаи фишор: Миллиардери рус тақдири долларро дар 5 соли оянда эълон дошт
Василаи фишор: Миллиардери рус тақдири долларро дар 5 соли оянда эълон дошт
Sputnik Тоҷикистон
Соҳибкори рус сабаби паст рафтани мавқеи долларро ба он рабт дод, ки ИМА бартарияти пулашро ҳамчун василаи қасос аз онҳое истифода кард, ки бо онҳо розӣ нестанд
2023-04-23T11:30+0500
2023-04-23T11:30+0500
2023-04-24T12:58+0500
дар русия
иқтисод
доллар
ҳисоббаробаркунӣ
миллиардер
рубл
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101857/53/1018575309_0:88:2093:1265_1920x0_80_0_0_29e534794da714a65790e81d32b42118.jpg
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Доллар пас аз 5 сол дар ҷаҳон мавқеи пули ҳукмронро аз даст хоҳад дод, изҳор дошт миллиардери рус Олег Дерипаска. Соҳибкор дар саҳифааш дар Telegram навишт, агар 5 - 7 сол пеш гегемонияи пули Амрико дар ҳисоббаробаркуниҳо ва муомилоти молии ҷаҳонӣ комилан бебаҳс менамуд."Аммо ҳоло, пас аз аз он, ки ин бартарият ҳамчун силоҳи қасос алайҳи норозиҳо, ки бидуни ҳеҷ гуна арзёбии ҳуқуқӣ истифода шуд, ин ҳукмронӣ ба зудӣ ба поён мерасад", - навиштааст Дерипаска.Миллиардери рус иброз дошт, ки пас аз панҷ сол ҷаҳон мутавозинтар мешавад ва ҳисобҳо диверсификатсия мешаванд. Дар аввал ин метавонад душвориҳои муайян дошта метавонад, аммо он аллакай ҷаҳони бе гегемон хоҳад буд", - бовар дорад соҳибкор.Ин дар ҳолест, ки қаблан дар пайи амалиёти низомӣ ва таҳримҳои густурдаи ғарбӣ, раисҷумҳури Русия, Владимир Путин низ таъкид намуда буд, ки доллар ҳамчун пули асосӣ дар ҳисоббаробаркуниҳо мавқеашро аз даст дода истодааст. Ин корро ғарбиҳо бо дасти худ карда истодаанд, изҳор дошт ӯ. Дар Русия ва кишварҳои ИДМ низ тайи солҳои охир зимни додугирифти мол ҳисобаробаркуниҳо бештар аз пулҳои миллӣ, аз ҷумла рубл сурат мегирад. Дар сурати дуруст ба роҳ мондани сиёсати молиявӣ рубли русӣ имкон дорад ҷойгузини доллар шавад ва ҳисоббаробаркуниҳо бо рубл метавонанд ба рушди иқтидорҳо ва содироти технологияҳои баланд дар Русия, мусоидат намояд, гуфт ахиран масъули Бонки ҷаҳонӣ, Роман Маршавин. Ба гуфтаи коршинос, яке аз шартҳои асосии ин пасттарин сатҳҳои қарзи давлатии Русия дар ҷаҳон ва мувозинати мусбати тиҷоратӣ, инчунин устувории низоми сиёсӣ мебошад.
https://sputnik.tj/20230421/zarba-kreml-tahrim-zarari-1056611186.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101857/53/1018575309_0:0:2093:1571_1920x0_80_0_0_c0ae3d9ded608cc6f0e9097d209bac00.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
доллар, мавқеъ, савдо, ҷаҳон, ҳукмрон
доллар, мавқеъ, савдо, ҷаҳон, ҳукмрон
Василаи фишор: Миллиардери рус тақдири долларро дар 5 соли оянда эълон дошт
11:30 23.04.2023 (Навсозишуда: 12:58 24.04.2023) Иддао мешавад, ки дар пайи таҳримоти густурдаи кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла ИМА ва истифодаи доллар ҳамчун василаи фишор, мавқеи ин пул заиф шудааст
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Доллар пас аз 5 сол дар ҷаҳон мавқеи пули ҳукмронро аз даст хоҳад дод, изҳор дошт миллиардери рус Олег Дерипаска.
Соҳибкор дар саҳифааш дар Telegram навишт, агар 5 - 7 сол пеш гегемонияи пули Амрико дар ҳисоббаробаркуниҳо ва муомилоти молии ҷаҳонӣ комилан бебаҳс менамуд.
"Аммо ҳоло, пас аз аз он, ки ин бартарият ҳамчун силоҳи қасос алайҳи норозиҳо, ки бидуни ҳеҷ гуна арзёбии ҳуқуқӣ истифода шуд, ин ҳукмронӣ ба зудӣ ба поён мерасад", - навиштааст Дерипаска.
Миллиардери рус иброз дошт, ки пас аз панҷ сол ҷаҳон мутавозинтар мешавад ва ҳисобҳо диверсификатсия мешаванд. Дар аввал ин метавонад душвориҳои муайян дошта метавонад, аммо он аллакай ҷаҳони бе гегемон хоҳад буд", - бовар дорад соҳибкор.
Ин дар ҳолест, ки қаблан дар пайи амалиёти низомӣ ва таҳримҳои густурдаи ғарбӣ, раисҷумҳури Русия, Владимир Путин низ таъкид намуда буд, ки доллар ҳамчун пули асосӣ дар ҳисоббаробаркуниҳо мавқеашро аз даст дода истодааст. Ин корро ғарбиҳо бо дасти худ карда истодаанд, изҳор дошт ӯ.
Дар Русия ва кишварҳои ИДМ низ тайи солҳои охир зимни додугирифти мол ҳисобаробаркуниҳо бештар аз пулҳои миллӣ, аз ҷумла рубл сурат мегирад.
Дар сурати дуруст ба роҳ мондани сиёсати молиявӣ рубли русӣ имкон дорад ҷойгузини доллар шавад ва ҳисоббаробаркуниҳо бо рубл метавонанд ба рушди иқтидорҳо ва содироти технологияҳои баланд дар Русия, мусоидат намояд, гуфт ахиран масъули Бонки ҷаҳонӣ, Роман Маршавин.
Ба гуфтаи коршинос, яке аз шартҳои асосии ин пасттарин сатҳҳои қарзи давлатии Русия дар ҷаҳон ва мувозинати мусбати тиҷоратӣ, инчунин устувории низоми сиёсӣ мебошад.