Тоҷирони вилояти Орёл ба Тоҷикистон меоянд: тафсилоти сафар

© СОЮЗ "ТОРГОВО-ПРОМЫШЛЕННАЯ ПАЛАТА ОРЛОВСКОЙ ОБЛАСТИПрезидент Орловской ТПП Ковалева Светлана Александровна
Президент Орловской ТПП Ковалева Светлана Александровна - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2023
Обуна шудан
Соҳибкорони вилояти Орёл дар сафар ба Тоҷикистон масъалаҳои ворид шудан ба бозори ҷумҳурӣ ва роҳандозии равобит бо ҳамкорони тоҷикро баррасӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Як гуруҳи соҳибкорон аз Русия ба Душанбе меоянд. Дар ин бора раиси Палатаи савдо ва саноати вилояти Орёл Светлана Ковалева хабар дод.
Ба гуфтаи вай, рӯзи 22 апрел намояндагони корхонаҳои Русия вориди пойтахти Тоҷикистон мешаванд.
"Ба ин ҳайат намояндагони 4 ширкати бузурги вилояти Орёл шомиланд", - афзуд вай.
Раиси Палатаи савдо ва саноати вилояти Орёл низ изҳори умедворӣ кард, ки сафари онҳо ба Тоҷикистон орзуҳои соҳибкорони минтақаро амалӣ хоҳад кард.
"Умедворам, ки дар ҷараёни сафари мо корҳои мушаххас анҷом дода мешаванд, ки дар натиҷа қарордодҳо ва рақамҳои мушаххас ҳосил хоҳанд шуд ва молҳо низ ба ду самт интиқол хоҳанд шуд", - гуфт Ковалева.
Вай афзуд, ки соҳибкорони ин минтақа ба ворид шудан ба бозори Тоҷикистон таваҷҷӯҳ доранд.
Специальная астрофизическая обсерватория РАН - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2023
Академияи улуми Тоҷикистон ва Роскосмос дар бахши кайҳоншиосӣ ҳамкорӣ карданиянд
Ҳамин тариқ, тоҷирони вилояти Орёл дар сафар ба Тоҷикистон масъалаҳои барқарор кардани равобит бо ҳамкорони тоҷикро баррасӣ хоҳанд кард.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Академияи миллии улуми Тоҷикистон ва Корпоратсияи "Роскосмос" барои имзои созишномаи ҳамкорӣ омодагӣ мегиранд.
Ҳуҷҷат чунин самтҳои кори муштаракро дар бар мегирад,:
ба мақсадҳои осоишта тадқиқ намудани кайҳон;
ченкунии дури Замин;
тарбияи кадро.
Лентаи хабарҳо
0