https://sputnik.tj/20230420/khujand-gazi-moe-arzon-shud-1056579250.html
Дар Хуҷанд гази моеъ арзон шуд
Дар Хуҷанд гази моеъ арзон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ронандагон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ маҳалӣ поинравии нархи гази моеъро ба қайд гирифтанд
2023-04-20T14:55+0500
2023-04-20T14:55+0500
2023-04-20T14:55+0500
дар тоҷикистон
суғд
хуҷанд
сӯзишворӣ
гази моеъ
арзон
нарх
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1c/1040485353_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_2cabe493ca2e1c9017a8b5ed1fbbdc12.jpg
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд нархи гази моеъ поин рафтаст, иттилоъ додааст хабаргузории “Sugdnews”.Ҳоло дар маркази маъмурии вилояти Суғд қимати ин навъи сӯзишворӣ 20 дирам поин рафтааст.Нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ коҳишёбии қимати газро ба ҳаҷми зиёд ворид шудан ин навъи маводи сӯхт рабт медиҳанд.Дар таблоҳои электронии нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар ҳоли ҳозир як литр гази моеъ бо нархи 3,80-3,90 сомонӣ фурӯхта мешавад.Дар ҳоле, ки як рӯз пеш қимати ин навъи сӯзишворӣ 4-4,10 сомониро ташкил медод.Нархи дигар навъҳои сӯзишворӣ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳр бетағйир боқӣ мондааст. Ҳамин тариқ, бензини навъи АИ-92 - 8 сомонӣ, АИ-95 - 8,40 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ 11,5 сомонӣ фурӯхта мешавад.Ёдовар мешавем, ки дар соли 2022 ҷаҳиши якбораи қимати тамоми навъи сӯзишворӣ, бахусус гази моеъ дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд.Дар ҳамин ҳол, тибқи омор, беш аз 60 дарсади мошинҳо аз гази моеъ истифода мекунанд.
https://sputnik.tj/20230310/gaz-moe-shimol-tojikiston-arzon-1055411539.html
суғд
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1c/1040485353_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_685718bc7667793a12092086734dbd36.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, сӯзишворӣ, гази моеъ, нарх, арзон, поинравӣ, суғд, хуҷанд
тоҷикистон, сӯзишворӣ, гази моеъ, нарх, арзон, поинравӣ, суғд, хуҷанд
Дар Хуҷанд гази моеъ арзон шуд
Ронандагон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ маҳалӣ поинравии нархи гази моеъро ба қайд гирифтанд
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд нархи гази моеъ поин рафтаст, иттилоъ додааст хабаргузории “Sugdnews”.
Ҳоло дар маркази маъмурии вилояти Суғд қимати ин навъи сӯзишворӣ 20 дирам поин рафтааст.
Нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ коҳишёбии қимати газро ба ҳаҷми зиёд ворид шудан ин навъи маводи сӯхт рабт медиҳанд.
Дар таблоҳои электронии нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар ҳоли ҳозир як литр гази моеъ бо нархи 3,80-3,90 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Дар ҳоле, ки як рӯз пеш қимати ин навъи сӯзишворӣ 4-4,10 сомониро ташкил медод.
Нархи дигар навъҳои сӯзишворӣ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳр бетағйир боқӣ мондааст. Ҳамин тариқ, бензини навъи АИ-92 - 8 сомонӣ, АИ-95 - 8,40 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ 11,5 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар соли 2022 ҷаҳиши якбораи қимати тамоми навъи сӯзишворӣ, бахусус гази моеъ дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд.
Дар ҳамин ҳол, тибқи омор, беш аз 60 дарсади мошинҳо аз гази моеъ истифода мекунанд.