https://sputnik.tj/20230419/tahvili-sofrat-afghoniston-qazoqiston-tolibho-1056561291.html
Таҳвили сафорати Афғонистон дар Қазоқистон ба толибҳо
Таҳвили сафорати Афғонистон дар Қазоқистон ба толибҳо
Sputnik Тоҷикистон
Толибҳо иддао доранд, ки сафорати Афғонистон дар Қазоқистон дар пайи миёнҷигарии Чин ба ҳайати ҳокимаи Кобул таҳвил дода шуд
2023-04-19T19:40+0500
2023-04-19T19:40+0500
2023-04-19T19:40+0500
қазоқистон
афғонистон
таҳвил
сафорат
толибон
остона
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0b/1032599629_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_510bcc12636d1397873b4a6e72c00b57.jpg
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Қазоқистон сафорати Кобул дар Остонаро бо миёнҷигарии Чин ба толибҳо таҳвил додааст, иттилоъ додааст хабаргузории "Радиои дарӣ" дар истинод ба Башир Софӣ, мушовири собиқи шӯрои амнияти миллии Афғонистон. Вазорати хориҷаи Қазоқистони ҳам бо таъйиди пазириши дипломатҳои ҷадиди толибҳо дар сифорати Афғонистон таъкид кардааст, ки ин иқдом ба маънои ба расмият шинохтани ҳайати ҳокимаи Афғонистон нест.Таҳвили сифорати Афғонистон дар ҳоле сурат гирифт, ки ин ҳафта муовини нахуствазири Қазоқистон дар умури тиҷорату ҳамгароиӣ дар раъси ҳайатии баландпоя ба шаҳри Кобул омада ва бо мақомоти мухталифи афғон дидор карда буд.Муовини нахуствазири Қазоқистони далели сафари худро густариши равобити дуҷониба ва низ баҳрагирӣ аз ҷойгоҳи вижаи тронзитии Афғонистон барои иттисол ба Осиёи ҷанубӣ унвон карда буд.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш намояндаи расмии вазорати хориҷаи Қазоқистон Айбек Смадияров дар як нишасти хабарӣ эълом кард вазорат бо дархости мақомоти толибҳо мабни бар таъйиди салоҳияти дипломатҳои худ дар остонаи посух мусбат додааст.“Дар посух ба дархости идораи ҷадиди Афғонистон барои таъйиди салоҳияти дипломатҳо, тасмими мусбати гирифтем", - таъкид кард оқои Смадияров.Намояндаи вазорати умури хориҷа дар айни ҳол хотирнишон кард, ки Қазоқистон аз як Афғонистони муваффақу воҳид ҳимоят мекунад, зеро ин кишвар марҳалаи душвори дигареро дар таърихи худ пушти сар мегузорад.“Вуруди намояндагони идораи ҷадиди Афғонистон ба маъноӣ ба расмият шинохтан нест. Ин тасмим ҳамчунон дар инҳисори Созмон Милал аст", - оқои Смадияров.
https://sputnik.tj/20230418/qazoqiston-diplomat-tolibho-tayidi-salohiyat-1056520091.html
қазоқистон
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0b/1032599629_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_037cbbe97c48bdd465c78e95a199e489.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, толибон, сафорат, таҳвил, бино, қазоқистон, осиёи марказӣ, равобит, ҳамкорӣ
афғонистон, толибон, сафорат, таҳвил, бино, қазоқистон, осиёи марказӣ, равобит, ҳамкорӣ
Таҳвили сафорати Афғонистон дар Қазоқистон ба толибҳо
Толибҳо иддао доранд, ки сафорати Афғонистон дар Қазоқистон дар пайи миёнҷигарии Чин ба ҳайати ҳокимаи Кобул таҳвил дода шуд
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Қазоқистон сафорати Кобул дар Остонаро бо миёнҷигарии Чин ба толибҳо таҳвил додааст, иттилоъ додааст хабаргузории "Радиои дарӣ" дар истинод ба Башир Софӣ, мушовири собиқи шӯрои амнияти миллии Афғонистон.
Вазорати хориҷаи Қазоқистони ҳам бо таъйиди пазириши дипломатҳои ҷадиди толибҳо дар сифорати Афғонистон таъкид кардааст, ки ин иқдом ба маънои ба расмият шинохтани ҳайати ҳокимаи Афғонистон нест.
Таҳвили сифорати Афғонистон дар ҳоле сурат гирифт, ки ин ҳафта муовини нахуствазири Қазоқистон дар умури тиҷорату ҳамгароиӣ дар раъси ҳайатии баландпоя ба шаҳри Кобул омада ва бо мақомоти мухталифи афғон дидор карда буд.
Муовини нахуствазири Қазоқистони далели сафари худро густариши равобити дуҷониба ва низ баҳрагирӣ аз ҷойгоҳи вижаи тронзитии Афғонистон барои иттисол ба Осиёи ҷанубӣ унвон карда буд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш намояндаи расмии вазорати хориҷаи Қазоқистон Айбек Смадияров дар як нишасти хабарӣ эълом кард вазорат бо дархости мақомоти толибҳо мабни бар таъйиди салоҳияти дипломатҳои худ дар остонаи посух мусбат додааст.
“Дар посух ба дархости идораи ҷадиди Афғонистон барои таъйиди салоҳияти дипломатҳо, тасмими мусбати гирифтем", - таъкид кард оқои Смадияров.
Намояндаи вазорати умури хориҷа дар айни ҳол хотирнишон кард, ки Қазоқистон аз як Афғонистони муваффақу воҳид ҳимоят мекунад, зеро ин кишвар марҳалаи душвори дигареро дар таърихи худ пушти сар мегузорад.
“Вуруди намояндагони идораи ҷадиди Афғонистон ба маъноӣ ба расмият шинохтан нест. Ин тасмим ҳамчунон дар инҳисори Созмон Милал аст", - оқои Смадияров.