https://sputnik.tj/20230419/rohbar-tolib-ulamo-isyon-alayhi-guruh-1056550949.html
Роҳбари толибҳо роҳи пешгирии исёни мардумро дар Афғонистон гуфт
Роҳбари толибҳо роҳи пешгирии исёни мардумро дар Афғонистон гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари толибҳо бо ишора ба масъулияти уламои дин дар Афғонистон ба онҳо дастур додааст, ки ба мардум арзишҳои низоми исломиро тавзеҳ диҳанд
2023-04-19T13:30+0500
2023-04-19T13:30+0500
2023-04-19T13:30+0500
дар ҷаҳон
толибон
афғонистон
исён
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0e/1044827445_0:159:3079:1890_1920x0_80_0_0_4e476103534f58a66600228c52196f39.jpg
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Уламои дин бояд мардумро аз исён алайҳи гуруҳи толибҳо боздоранд, дастур додааст роҳбари ин гуруҳ, Ҳибатуллоҳ Охундзода. Ба гузориши расонаи "Ҳашти субҳ", раҳбари ғоибонаи гурӯҳи толибҳо дар паёмаш ба муносибати иди Фитр ба масъулияти уламои дин дар Афғонистон таъкид карда, афзудааст, тавассути минбарҳои масҷидҳо ба мардум арзишҳои низоми исломиро тавзеҳ диҳанд Вай ҳамчунин таъкид кардаст, ки таъсири зеҳнӣ ва ахлоқии "ишғолгарон" бо ислоҳот дар бахшҳои фарҳангӣ, маориф, иқтисод ва расонаҳо ба поён мерасад. Дар паёми идонаи раҳбари толибҳо, ислоҳоти қазоии ин гурӯҳ, фаъолияти вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, тиҷорат, дахолати кишварҳои ҳамсоя ва ҷаҳон ба умури дохилии Афғонистон , ҷамъоварии гадоён баррасӣ шудааст. Дар баробари ин роҳбари толибҳо аз таъминоти ҷангиён, таълиму тарбия, нигаҳдории тандурустӣ ва таъмини бехатариро ба миён гузоштааст. Маврид ба зикр аст, ки толибҳо ҳукумат дар Афғонистонро нимаи моҳи август ғасб карда, аз ташкили аморати исломӣ хабар доданд. Эълон карданд, ки давлатро бар асоси қонунҳои шариат идора хоҳанд кард.Бархе аз дороиҳои ҳукумати қаблии Афғонистон дар хориҷи кишвар баста шуданд, ки ба гуфтаи худи толибҳо боиси шиддати вазъи иҷтимоию иқтисодӣ дар кишвар гардид. Созмонҳои байналмилалӣ аз вазъи бади башарӣ дар Афғонистон, фақри зиёду нархҳои гарон ва таҳдиди гуруснагӣ ҳушдор медиҳанд.Ҷомеаи ҷаҳонӣ ва фаъолони Афғонистон аз ҳукуматдорони толиб дар ин кишвар ташкили ҳукумати ҳамашумул ва риояи ҳуқуқҳои бунёдии инсониро талаб доранд.
https://sputnik.tj/20230418/izhor-nigaroni-kishvarhoi-g7-vaz-afghoniston-1056523468.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0e/1044827445_173:0:2904:2048_1920x0_80_0_0_d15365da66c20680baf455c8e4cf3e8b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
даъват, ҳибатуллоҳ охундзода, исён, шӯриш, мардум
даъват, ҳибатуллоҳ охундзода, исён, шӯриш, мардум
Роҳбари толибҳо роҳи пешгирии исёни мардумро дар Афғонистон гуфт
Раҳбари толибҳо бо ишора ба масъулияти уламои дин дар Афғонистон ба онҳо дастур додааст, ки ба мардум арзишҳои низоми исломиро тавзеҳ диҳанд
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Уламои дин бояд мардумро аз исён алайҳи гуруҳи толибҳо боздоранд, дастур додааст роҳбари ин гуруҳ, Ҳибатуллоҳ Охундзода.
Ба гузориши расонаи "Ҳашти субҳ", раҳбари ғоибонаи гурӯҳи толибҳо дар паёмаш ба муносибати иди Фитр ба масъулияти уламои дин дар Афғонистон таъкид карда, афзудааст, тавассути минбарҳои масҷидҳо ба мардум арзишҳои низоми исломиро тавзеҳ диҳанд
"Уламои дин муваззафанд, мардумро огоҳ созанд ва ислоҳ кунанд, то мардумро аз "исён" бар зидди ин гурӯҳ боздоранд", - омадааст дар матлаб.
Вай ҳамчунин таъкид кардаст, ки таъсири зеҳнӣ ва ахлоқии "ишғолгарон" бо ислоҳот дар бахшҳои фарҳангӣ, маориф, иқтисод ва расонаҳо ба поён мерасад.
Дар паёми идонаи раҳбари толибҳо, ислоҳоти қазоии ин гурӯҳ, фаъолияти вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, тиҷорат, дахолати кишварҳои ҳамсоя ва ҷаҳон ба умури дохилии Афғонистон , ҷамъоварии гадоён баррасӣ шудааст.
Дар баробари ин роҳбари толибҳо аз таъминоти ҷангиён, таълиму тарбия, нигаҳдории тандурустӣ ва таъмини бехатариро ба миён гузоштааст.
Маврид ба зикр аст, ки толибҳо ҳукумат дар Афғонистонро нимаи моҳи август ғасб карда, аз ташкили аморати исломӣ хабар доданд. Эълон карданд, ки давлатро бар асоси қонунҳои шариат идора хоҳанд кард.
Бархе аз дороиҳои ҳукумати қаблии Афғонистон дар хориҷи кишвар баста шуданд, ки ба гуфтаи худи толибҳо боиси шиддати вазъи иҷтимоию иқтисодӣ дар кишвар гардид. Созмонҳои байналмилалӣ аз вазъи бади башарӣ дар Афғонистон, фақри зиёду нархҳои гарон ва таҳдиди гуруснагӣ ҳушдор медиҳанд.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ ва фаъолони Афғонистон аз ҳукуматдорони толиб дар ин кишвар ташкили ҳукумати ҳамашумул ва риояи ҳуқуқҳои бунёдии инсониро талаб доранд.