Музокироти ҳафтаинаи марзии Тоҷикистону Ӯзбекистон: Натиҷа чӣ шуд?

© Sputnik / Виталий БелоусовРукопожатие
Рукопожатие - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2023
Обуна шудан
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон фазои музокироти ахири марзӣ бо ҷониби Ӯзбекистонро, ки дар Душанбе сурат гирифт, дӯстона арзёбӣ намуд
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар пайи вохӯрии ҷадид дар Душанбе протоколи дахлдорро ба имзо расондаанд.
Дар ин бора Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки мулоқоти ҷонибҳо 7 рӯз идома кард.
"Зимни вохӯрӣ масъалаҳои гузариши хатти лоиҳавии демаркатсионии сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон муҳокима гардиданд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шуд, ки мулоқоти мақомдорони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ гузашт.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, вохӯрии навбатӣ дар қаламрави Ӯзбекистон барпо мегардад. Ҷузъиёти музокирот ва тавофуқоти ҳосилшуда зикр нагардидаанд.
Қаблан раиси Кумитаи давлатии идораи замини Тоҷикистон, Ориф Хоҷазода изҳор дошта буд, ки аз 1326 километр марз бо Ӯзбекистон аллакай 1319 километраш пурра муайян шудааст.
Архитектурный комплекс Регистан в Самарканде, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2023
Тоҷикон бештар Ӯзбекистонро барои саёҳат интихоб мекунанд
Ба гуфтаи вай, хатти марзӣ, ки номуайян боқӣ мондааст, асосан дар қисматҳоест, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистонро бо ҳам мепайвандад.
Маврид ба зикр аст, ки баъд аз ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёв дар Ӯзбекистон ва сафари расмии ӯ ба Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2018 равобит миёни ду кишвар беҳбуд ёфта, дар масъалаи аломатгузории марз низ пешрафтҳо ҳосил шудаанд.
Аз ҷумла бинобар асоси созиши ду кишвари ҳамсоя, аз обанбори "Фарҳод" барои як муддати тӯлонӣ якҷоя истифода мекунанд. Хоҷазода дар мавриди обанбори "Фарҳод" изҳор дошта буд, ки байни ду давлат шартнома вуҷуд дорад ва ягон баҳс дар миён нест.
Лентаи хабарҳо
0