https://sputnik.tj/20230418/kishvarhoi-om-hind-eron-dolon-tijorati-naqliyoti-boz-1056521774.html
Кишварҳои ОМ ва Ҳинду Эрон долонҳои тиҷоратию нақлиётӣ боз хоҳанд кард
Кишварҳои ОМ ва Ҳинду Эрон долонҳои тиҷоратию нақлиётӣ боз хоҳанд кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар чаҳорчӯби рушди долонҳои нақлиётӣ, кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ нақша доранд, ки тиҷоратро тавассути бандари Чобаҳори Эрон густариш диҳанд
2023-04-18T10:45+0500
2023-04-18T10:45+0500
2023-04-18T10:55+0500
ом
эрон
ҳинд
нақлиёт
тиҷорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/19/1053056339_314:415:3217:2048_1920x0_80_0_0_f30b8c5865bc2cbe0539068c5a9e25b4.jpg
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамкориҳоро дар рушди долони байналмилалии нақлиётии “Шимол-Ҷануб” ва долони “Чобаҳор – Осиёи Марказӣ” баррасӣ карданд. Бино ба иттилои Вазорати саноат ва рушди инфрасохтори Қазоқистон, музокироти нав дар самти ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни Ҳиндустон ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ сурат гирифт. Ҷаласаи якуми гуруҳи кории якҷоя таҳти раёсати котиби оид ба корҳои иқтисодии вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон барпо гардид. Дар он намояндагони Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон, Эрон ва Афғонистон ширкат доштанд. Иштирокчиён масъалаҳои вобаста ба иншоот ва фаъолияти кунунии терминалҳои бандари Чобаҳори Эрон ва рушди минбаъдаи робитаҳои минтақавӣ ба манзури густариши тиҷоратро баррасӣ карданд. Дар ҷараёни мулоқот тавофуқ ҳосил шуд, ки ҷониби Ҳиндустон ба лоиҳаи "Харитаи роҳ" оид ба ҳамзамон рафъи монеаҳо ва рушди иқтидори масири Шимолу Ҷануб то соли 2027 ворид карда шавад.
https://sputnik.tj/20230310/dar-tochikiston-khajmi-borkashoni-afzudaast-1055413887.html
ом
эрон
ҳинд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/19/1053056339_351:0:3082:2048_1920x0_80_0_0_34664b4173282c0d1ba50673e30d25c6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кишварҳо ом ҳинд эрон тиҷорат нақлиёт
кишварҳо ом ҳинд эрон тиҷорат нақлиёт
Кишварҳои ОМ ва Ҳинду Эрон долонҳои тиҷоратию нақлиётӣ боз хоҳанд кард
10:45 18.04.2023 (Навсозишуда: 10:55 18.04.2023) Дар чаҳорчӯби рушди долонҳои нақлиётӣ, кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ нақша доранд, ки тиҷоратро тавассути бандари Чобаҳори Эрон густариш диҳанд
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамкориҳоро дар рушди долони байналмилалии нақлиётии “Шимол-Ҷануб” ва долони “Чобаҳор – Осиёи Марказӣ” баррасӣ карданд.
Бино ба иттилои Вазорати саноат ва рушди инфрасохтори Қазоқистон, музокироти нав дар самти ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни Ҳиндустон ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ сурат гирифт.
Ҷаласаи якуми гуруҳи кории якҷоя таҳти раёсати котиби оид ба корҳои иқтисодии вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон барпо гардид.
Дар он намояндагони Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон, Эрон ва Афғонистон ширкат доштанд.
Иштирокчиён масъалаҳои вобаста ба иншоот ва фаъолияти кунунии терминалҳои бандари Чобаҳори Эрон ва рушди минбаъдаи робитаҳои минтақавӣ ба манзури густариши тиҷоратро баррасӣ карданд.
Дар ҷараёни мулоқот тавофуқ ҳосил шуд, ки ҷониби Ҳиндустон ба лоиҳаи "Харитаи роҳ" оид ба ҳамзамон рафъи монеаҳо ва рушди иқтидори масири Шимолу Ҷануб то соли 2027 ворид карда шавад.