Ҳушдори обуҳавошиносони тоҷик аз ба амал омадани чангу ғубор ва ифлосшавии ҳаво

© SputnikДушанбе накрыла пыльная буря
Душанбе накрыла пыльная буря - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2023
Обуна шудан
Обуҳавошиносони тоҷик сокинони кишварро ҳушдор додааст, ки рӯзҳои наздик дар кишвар ҳолати ифлосшавии ҳавои дар назар буда, чангу ғубор ба амал меояд
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Аз 19 то 22 апрел дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера дар назар буда, чангу ғубор ба амал меояд, иттилоъ додааст Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои наздик дар шаҳру ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ чангу ғубор ба амал меояд.
Инчунин дар шаҳру ноҳияҳои ҷанубӣ ва шимолии вилояти Суғд бо сабаби омилҳои метеорологӣ (чангбоде, ки аз минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ, ҷанубӣ ва ҷанубу шимолӣ ба мамлакат ворид гардидааст), баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера аз моддаҳои муаллақ (чанг), зарачаҳои андозаашон 10мкр (Рм-10) ва зарачаҳои андозаашон 2,5 мкр (Рм-2,5) пешгӯӣ мешавад.
Обуҳавошиносон аз сокинон хостанд, ки аз сайругашти зиёди рӯзона дар хиёбонҳо, кӯчаҳо, хусусан дар наздикии роҳҳои нақлиётӣ ва бурдани корҳои саҳроӣ худдорӣ намоянд.
Видео РИА Новости. Песчаная буря накрыла Пекин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2021
Тӯфони рег боз Пекинро фаро гирифт: видео
Иттилоъ дода шудааст, ки аз 19 то 22 апрел дар ВМКБ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят 19 апрел борони кӯтоҳмуддат борида, 20-22 апрел ҳавои бебориш дар назар аст. Дар шарқи вилоят ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. 19 апрел чангу ғубор боқӣ мемонад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шудааст. Дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 12-17 метр дар як сония вазида, чангу ғубор боқӣ мемонад.
Дар ин рӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Аз 19 то 21 апрел чангу ғубор боқӣ мемонад.
Лентаи хабарҳо
0