https://sputnik.tj/20230417/zamon-iftitoh-saforatkhona-eronu-saudi-1056500368.html
Замони ифтитоҳи сафоратхонаҳои Эрону Саудӣ муайян шуд
Замони ифтитоҳи сафоратхонаҳои Эрону Саудӣ муайян шуд
Sputnik Тоҷикистон
Эҳёи равобити дипломатӣ миёни Эрону Арабистони Саудӣ гоми муҳим барои суботи минтақа, Халиҷи Форс ва тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба арзёбӣ мешавад
2023-04-17T14:35+0500
2023-04-17T14:35+0500
2023-04-17T14:35+0500
эрон
дар ҷаҳон
сиёсат
арабистони саудӣ
сафорат
ифтитоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/16/1033047091_455:241:3072:1713_1920x0_80_0_0_93553de2ec7655d29d5ceff1508470a9.jpg
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Сафоратхонаҳои тарафайни Эрон ва Арабистони Саудӣ то 19 май боз хоҳанд шуд, иттилоъ дод корпоратсияи давлатии расонаии Чин. Эрон ва Арабистони Саудӣ дар пайи музокирот дар шаҳри Пекин, ба тавофуқ расиданд, ки пас аз 7 сол, равобити дипломати худро аз сар бигиранд.Қаблан вазири умури хориҷии Эрон, Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён дар дидор бо ҳамтояш аз Арабистони Саудӣ, Файсал бин Фарҳон аз саргирии равобити дипломатӣ миёни Теҳрону Риёзро баррасӣ карда буд. Дар пайи мулоқот, вазирони умури хориҷӣ як изҳороти муштаракеро дар Пекин ба имзо расониданд, дар он "ният ба пайравӣ аз рӯҳияи неки ҳамсоягӣ ва дахолат накардан ба корҳои дохилии дигар давлатҳо" таъкид шудааст.Ҷонибҳо ҳамчунин ба мувофиқа расиданд, ки "боздидҳои расмӣ ва сафарҳои ҳайатҳои хусусӣ" аз сар гирифта шаванд.Арабистони Саудӣ 3 январи соли 2016 бино бар ҳамлаи бархе афрод ба сафорат ва консулгарии ин кишвар дар Теҳрон ва Машҳад, равобити дипломати худро бо Эрон қатъ карда буд.Эҳёи равобити Эрон бо Арабистон як гоми муҳим дар ростои суботи минтақа ва Халиҷи Форс ва тавсеаи ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодии минтақаӣ арзёбӣ мешавад. Пештар роҳбарияти Хадамоти федералии таҳқиқотии ИМА эълон дошта буд, ки азсаргирии муносиботу наздикшавии Риёз ва Теҳрон барояшон ғайричашмдошту ҳайратовар буд.
https://sputnik.tj/20230416/bloomberg-ittihod-nafti-rusiya-saudi-1056486787.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/16/1033047091_475:100:3072:2048_1920x0_80_0_0_0bf349c50d8e91c28e07a5015f58de74.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сафоратхона, эрон, арабистони саудӣ, дубора, боз, фаъол
сафоратхона, эрон, арабистони саудӣ, дубора, боз, фаъол
Замони ифтитоҳи сафоратхонаҳои Эрону Саудӣ муайян шуд
Эҳёи равобити дипломатӣ миёни Эрону Арабистони Саудӣ гоми муҳим барои суботи минтақа, Халиҷи Форс ва тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба арзёбӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Сафоратхонаҳои тарафайни Эрон ва Арабистони Саудӣ то 19 май боз хоҳанд шуд, иттилоъ дод корпоратсияи давлатии расонаии Чин.
Эрон ва Арабистони Саудӣ дар пайи музокирот дар шаҳри Пекин, ба тавофуқ расиданд, ки пас аз 7 сол, равобити дипломати худро аз сар бигиранд.
Қаблан вазири умури хориҷии Эрон, Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён дар дидор бо ҳамтояш аз Арабистони Саудӣ, Файсал бин Фарҳон аз саргирии равобити дипломатӣ миёни Теҳрону Риёзро баррасӣ карда буд.
Дар пайи мулоқот, вазирони умури хориҷӣ як изҳороти муштаракеро дар Пекин ба имзо расониданд, дар он "ният ба пайравӣ аз рӯҳияи неки ҳамсоягӣ ва дахолат накардан ба корҳои дохилии дигар давлатҳо" таъкид шудааст.
Ҷонибҳо ҳамчунин ба мувофиқа расиданд, ки "боздидҳои расмӣ ва сафарҳои ҳайатҳои хусусӣ" аз сар гирифта шаванд.
Арабистони Саудӣ 3 январи соли 2016 бино бар ҳамлаи бархе афрод ба сафорат ва консулгарии ин кишвар дар Теҳрон ва Машҳад, равобити дипломати худро бо Эрон қатъ карда буд.
Эҳёи равобити Эрон бо Арабистон як гоми муҳим дар ростои суботи минтақа ва Халиҷи Форс ва тавсеаи ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодии минтақаӣ арзёбӣ мешавад.
Пештар роҳбарияти Хадамоти федералии таҳқиқотии ИМА эълон дошта буд, ки азсаргирии муносиботу наздикшавии Риёз ва Теҳрон барояшон ғайричашмдошту ҳайратовар буд.