https://sputnik.tj/20230417/qurboniyon-dargiri-sudon-video-1056493872.html
Афзоиши қурбониёни даргирӣ дар Судон - видео
Афзоиши қурбониёни даргирӣ дар Судон - видео
Sputnik Тоҷикистон
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эълон дошт, ки дар баъзе бемористонҳо маводи муҳим барои муолиҷаи қурбониён - хун, таҷҳизоти интиқол, дору ва ғайра тамом шудааст
2023-04-17T10:55+0500
2023-04-17T10:55+0500
2023-04-17T10:55+0500
видео
амният ва мудофиа
судон
даргирӣ
мусаллаҳона
кушта
артиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/11/1056494057_351:75:928:399_1920x0_80_0_0_81e15a16999408eacc8fa33ed197ca08.jpg
Теъдоди кушташудагон дар даргириҳо дар Судон ба ҳудуди 100 нафар расид, иттилоъ дод хабаргузории Reuters бо истинод ба иттифоқи касабаи табибони маҳаллӣ. Ба иттилои манбаъ, феълан дар бархе манотиқи Судон даргирӣ миёни артиш ва нерӯҳои вокуниши сареҳ идома доранд. Нерӯҳои мухолиф дар Судон дар бораи муваффақиятҳои низомӣ ва назорати иншоот мубодилаи изҳороти зиддунақиз мекунанд, дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҷанги густурдаи иттилоотиро роҳандозӣ кардаанд, навиштааст РИА "Новости". Таъкид гардидаст, вазъият дар кишвар дар ҳоли ташаннуҷ қарор дорад, аммо ҳеҷ яке аз ҷонибҳо омодагии худро ба гуфтушунид ва қатъи амалиёти ҷангӣ нишон намедиҳад, ҳарчанд онҳо барои кушодани долонҳои башардӯстона розӣ шуданд. Толибҳо аз судониҳо хостанд, ҷанҷол накунандДар зимн гуфта мешавад, ки Миср метавонад ба қазия дахолат карда, аз артиши Судон ҷонибдорӣ кунад, чун чанд сарбози мисриро нерӯҳои вокуниши сареҳ гаравгон гирифтаанд. Шиддати авзоъ аз он оғоз гардид, 13 апрел, шабакаҳои телевизионии арабӣ гузориш доданд, ки нерӯҳои вокуниши сареҳи Судон воҳидҳои худро дар шаҳри Меров дар шимоли кишвар ҷойгир кардааст ва артиши кишвар талаб кардааст, ки он ҷоро тарк кунанд. Артиши Судон бо нашри изҳорот нерӯҳои вокуниши сареҳро дар он айбдор намуд, ки ғайриқонунӣ ва бидуни ҳамоҳангӣ воҳидҳояшро дар шаҳри Хартуму як қатор шаҳру навоҳии дигар ҷойгир кардааст. Дар натиҷа рӯзи 15 апрел таниш ба даргирии мусаллаҳона печида, ҷонибҳо ҳамдигарро дар оғози он муттаҳам мекунанд.
судон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/11/1056494057_338:78:935:526_1920x0_80_0_0_74892c2f3ba8103cd8f183b758bbeb8f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
навор, даргирӣ, маргбор, судон, видео
навор, даргирӣ, маргбор, судон, видео
Афзоиши қурбониёни даргирӣ дар Судон - видео
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эълон дошт, ки дар баъзе бемористонҳо маводи муҳим барои муолиҷаи маҷруҳон - хун, таҷҳизоти интиқол, дору ва ғайра тамом шудааст
Теъдоди кушташудагон дар даргириҳо дар Судон ба ҳудуди 100 нафар расид, иттилоъ дод хабаргузории Reuters бо истинод ба иттифоқи касабаи табибони маҳаллӣ.
Ба иттилои манбаъ, феълан дар бархе манотиқи Судон даргирӣ миёни артиш ва нерӯҳои вокуниши сареҳ идома доранд.
Нерӯҳои мухолиф дар Судон дар бораи муваффақиятҳои низомӣ ва назорати иншоот мубодилаи изҳороти зиддунақиз мекунанд, дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҷанги густурдаи иттилоотиро роҳандозӣ кардаанд, навиштааст РИА "Новости".
Таъкид гардидаст, вазъият дар кишвар дар ҳоли ташаннуҷ қарор дорад, аммо ҳеҷ яке аз ҷонибҳо омодагии худро ба гуфтушунид ва қатъи амалиёти ҷангӣ нишон намедиҳад, ҳарчанд онҳо барои кушодани долонҳои башардӯстона розӣ шуданд.
Дар зимн гуфта мешавад, ки Миср метавонад ба қазия дахолат карда, аз артиши Судон ҷонибдорӣ кунад, чун чанд сарбози мисриро нерӯҳои вокуниши сареҳ гаравгон гирифтаанд.
Шиддати авзоъ аз он оғоз гардид, 13 апрел, шабакаҳои телевизионии арабӣ гузориш доданд, ки нерӯҳои вокуниши сареҳи Судон воҳидҳои худро дар шаҳри Меров дар шимоли кишвар ҷойгир кардааст ва артиши кишвар талаб кардааст, ки он ҷоро тарк кунанд.
Артиши Судон бо нашри изҳорот нерӯҳои вокуниши сареҳро дар он айбдор намуд, ки ғайриқонунӣ ва бидуни ҳамоҳангӣ воҳидҳояшро дар шаҳри Хартуму як қатор шаҳру навоҳии дигар ҷойгир кардааст.
Дар натиҷа рӯзи 15 апрел таниш ба даргирии мусаллаҳона печида, ҷонибҳо ҳамдигарро дар оғози он муттаҳам мекунанд.