https://sputnik.tj/20230417/putin-hamkori-harbi-rusiya-chin-1056491628.html
Баҳои Путин ба ҳамкориҳои ҳарбии Русия ва Чин
Баҳои Путин ба ҳамкориҳои ҳарбии Русия ва Чин
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия аз ҳамкориҳои низомию техникӣ, тамринҳои ҳарбӣ ва табодули маълумот миёни Маскаву Пекин ситоиш карда, изҳор дошт, ки вусъат хоҳанд ёфт
2023-04-17T09:00+0500
2023-04-17T09:00+0500
2023-04-17T10:06+0500
дар русия
амният ва мудофиа
владимир путин
вазир
чин
мулоқот
низомӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/05/1056225584_0:0:3029:1705_1920x0_80_0_0_a4b4136ee22787471e715b251625809c.jpg
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Маскав ва Пекин дар бахши низомӣ фаъолона ҳамкорӣ мекунанд, изҳор дошт раисҷумҳури Русия, Владимир Путин дар мулоқот бо узви Шӯрои давлатӣ, вазири дифои Чин Ли Шанфу. "Мо ба воситаи ниҳодҳои ҳарбӣ фаъолона кор карда истодаем, мунтазам мубодилаи иттилооти барои мо муфидро анҷом медиҳем, дар соҳаи ҳарбӣ-техникӣ ҳамкорӣ мекунем, машқҳои муштарак мегузаронем", - гуфт Путин.Вай изҳори итминон кард, ки ин боз як самти муҳимест, ки хусусияти стратегии истисноии эътимодбахши муносибатҳои ду кишварро таҳким мебахшад. Сарвари давлат афзуд, ки Русия аз дидани вазири дифои Чин шод аст ва изҳори итминон кардааст, ки сафари ӯ дар сатҳи олӣ баргузор мешавад.Вазири дифои Чин низ таъкид намудаст, ки нахустин сафарашро дар ин мақом ба Маскав анҷом додаст, ки нишонаи аҳамияти хосу стратегии муносибот мебошад. Интизор меравад, ки боздид то 18 апрел идома хоҳад кард.Генерал Ли Шанфу дар натиҷаи иҷлосияи порлумони Чин дар моҳи марти соли ҷорӣ ба мақоми вазири дифоъ таъйин гардид.Қаблан ӯ ба ҳайси директори космодроми Сичан, муовини фармондеҳи нерӯҳои таъминоти стратегӣ, солҳои 2017-2022 роҳбари бахши омӯзиш ва таъминоти Шӯрои марказии низомии Чинро ба ӯҳда дошт.Соли 2018 Вазорати молияи ИМА алайҳи ин департамент ва шахсан Ли Шанфу барои ҳамкориҳои низомӣ бо Русия таҳримҳо ҷорӣ кард. Гуфта мешавад, ки маҳдудиятҳо пас аз созишномаи хариди ҳавопаймоҳои Русия ва системаҳои мушакии С-400 ҷорӣ шудаанд.
https://sputnik.tj/20230415/takidi-chin-mushoikati-rusiya-masoili-afghoniston-1056473744.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/05/1056225584_300:0:3029:2047_1920x0_80_0_0_914316136f9b31fd78c90a8dd1979847.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазир, дифоъ, чин, нахуст, маскав
вазир, дифоъ, чин, нахуст, маскав
Баҳои Путин ба ҳамкориҳои ҳарбии Русия ва Чин
09:00 17.04.2023 (Навсозишуда: 10:06 17.04.2023) Раисҷумҳури Русия аз ҳамкориҳои низомию техникӣ, тамринҳои ҳарбӣ ва табодули маълумот миёни Маскаву Пекин ситоиш карда, изҳор дошт, ки вусъат хоҳанд ёфт
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Маскав ва Пекин дар бахши низомӣ фаъолона ҳамкорӣ мекунанд, изҳор дошт раисҷумҳури Русия, Владимир Путин дар мулоқот бо узви Шӯрои давлатӣ, вазири дифои Чин Ли Шанфу.
"Мо ба воситаи ниҳодҳои ҳарбӣ фаъолона кор карда истодаем, мунтазам мубодилаи иттилооти барои мо муфидро анҷом медиҳем, дар соҳаи ҳарбӣ-техникӣ ҳамкорӣ мекунем, машқҳои муштарак мегузаронем", - гуфт Путин.
Вай изҳори итминон кард, ки ин боз як самти муҳимест, ки хусусияти стратегии истисноии эътимодбахши муносибатҳои ду кишварро таҳким мебахшад.
Сарвари давлат афзуд, ки Русия аз дидани вазири дифои Чин шод аст ва изҳори итминон кардааст, ки сафари ӯ дар сатҳи олӣ баргузор мешавад.
Вазири дифои Чин низ таъкид намудаст, ки нахустин сафарашро дар ин мақом ба Маскав анҷом додаст, ки нишонаи аҳамияти хосу стратегии муносибот мебошад. Интизор меравад, ки боздид то 18 апрел идома хоҳад кард.
Генерал Ли Шанфу дар натиҷаи иҷлосияи порлумони Чин дар моҳи марти соли ҷорӣ ба мақоми вазири дифоъ таъйин гардид.
Қаблан ӯ ба ҳайси директори космодроми Сичан, муовини фармондеҳи нерӯҳои таъминоти стратегӣ, солҳои 2017-2022 роҳбари бахши омӯзиш ва таъминоти Шӯрои марказии низомии Чинро ба ӯҳда дошт.
Соли 2018 Вазорати молияи ИМА алайҳи ин департамент ва шахсан Ли Шанфу барои ҳамкориҳои низомӣ бо Русия таҳримҳо ҷорӣ кард. Гуфта мешавад, ки маҳдудиятҳо пас аз созишномаи хариди ҳавопаймоҳои Русия ва системаҳои мушакии С-400 ҷорӣ шудаанд.