https://sputnik.tj/20230416/qoghaz-qalami-tojiki-sugd-korgoh-nav-istehsol-1056481652.html
Коғазу қалами тоҷикӣ: талоши Тоҷикистон барои таъмини бозор бо маҳсулоти худӣ
Коғазу қалами тоҷикӣ: талоши Тоҷикистон барои таъмини бозор бо маҳсулоти худӣ
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти вилояти Суғди Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки корҳои сохтмонии коргоҳи нави истеҳсолӣ дар шимоли кишвар бо суръат ҷараён дорад
2023-04-16T09:31+0500
2023-04-16T09:31+0500
2023-04-16T09:35+0500
дар тоҷикистон
суғд
хуҷанд
коргоҳ
саноат
ифтитоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102316/73/1023167346_0:198:2939:1851_1920x0_80_0_0_6777e4f705ac26db7bacba8fee8b6c28.jpg
ДУШАНБЕ, 16 апр – Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд корхонаи тавлидоти дафтару коғазу қалам мавриди истифодабарӣ қарор дода хоҳад шуд.Дар ин бора мудири шуъбаи саноат дар ҳукумати вилояти Суғд, Озифхон Шарифзода ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки сохтмони коргоҳи мазкур дар наздикии минтақаи озоди иқтисодии шаҳри Хуҷанд ҷараён дорад.Бино ба иттилоъи манбаъ ин корхонаи нави саноатӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ сохта мешавад. Барои ба корандозии он, мутахассисони хориҷӣ ҷалб карда шудаанд.Коргоҳи ҷадид бо технологияи муосир муҷаҳҳаз шуда, маҳсулоти дар он истеҳсолшаванда воридотивазкунанда ва пурра барои таъминоти бозори дохилӣ пешбинӣ мешавад.Зимнан ин нахустин корхонаи тавлидоти ашёи хониш аз ҷумла дафтару коғазу қалам дар ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад, ки молаш ба бозор арза хоҳад шуд.Дафтару коғаз ва дигар ашёи хониш дар бозор ва фурӯшгоҳҳои Тоҷикистон умдатан аз кишварҳои хориҷӣ аз ҷумла Русия ва Белорус ворид мешавад.Ҳоло нархи як баста коғаз дар бозор 46 - 48 сомонӣ гуфта мешавад, ки ин рақам дар муқоиса ба як соли пеш 25% гарон арзёбӣ мешавад.Фурӯшандаҳо сабаби болоравии нархи коғазро ба коҳишёбии ҳаҷми воридоти он шарҳ медиҳанд.
https://sputnik.tj/20230406/bunyodi-korkhona-jurobbofi-nohiyai-asht-1056247081.html
суғд
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102316/73/1023167346_104:0:2835:2048_1920x0_80_0_0_e1aad31e6ff79e97349524584badd44f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, коргоҳ, коғаз, қалам, суғд, истеҳмол, саноат
тоҷикистон, коргоҳ, коғаз, қалам, суғд, истеҳмол, саноат
Коғазу қалами тоҷикӣ: талоши Тоҷикистон барои таъмини бозор бо маҳсулоти худӣ
09:31 16.04.2023 (Навсозишуда: 09:35 16.04.2023) Эксклюзив
Мақомоти вилояти Суғди Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки корҳои сохтмонии коргоҳи нави истеҳсолӣ дар шимоли кишвар бо суръат ҷараён дорад
ДУШАНБЕ, 16 апр – Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд корхонаи тавлидоти дафтару коғазу қалам мавриди истифодабарӣ қарор дода хоҳад шуд.
Дар ин бора мудири шуъбаи саноат дар ҳукумати вилояти Суғд, Озифхон Шарифзода ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки сохтмони коргоҳи мазкур дар наздикии минтақаи озоди иқтисодии шаҳри Хуҷанд ҷараён дорад.
“Ҳоло корҳои сохтмонӣ дар масоҳати 1,5 га замин дар маҳаллаи 3- юми шаҳр идома дорад. Қарор аст дар ҷашни Истиқлолият корхона ба истифода дода хоҳад шуд” – гуфт мудири шуъбаи саноат.
Бино ба иттилоъи манбаъ ин корхонаи нави саноатӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ сохта мешавад. Барои ба корандозии он, мутахассисони хориҷӣ ҷалб карда шудаанд.
Коргоҳи ҷадид бо технологияи муосир муҷаҳҳаз шуда, маҳсулоти дар он истеҳсолшаванда воридотивазкунанда ва пурра барои таъминоти бозори дохилӣ пешбинӣ мешавад.
Зимнан ин нахустин корхонаи тавлидоти ашёи хониш аз ҷумла дафтару коғазу қалам дар ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад, ки молаш ба бозор арза хоҳад шуд.
Дафтару коғаз ва дигар ашёи хониш дар бозор ва фурӯшгоҳҳои Тоҷикистон умдатан аз кишварҳои хориҷӣ аз ҷумла Русия ва Белорус ворид мешавад.
Ҳоло нархи як баста коғаз дар бозор 46 - 48 сомонӣ гуфта мешавад, ки ин рақам дар муқоиса ба як соли пеш 25% гарон арзёбӣ мешавад.
Фурӯшандаҳо сабаби болоравии нархи коғазро ба коҳишёбии ҳаҷми воридоти он шарҳ медиҳанд.