Ҷордони ҳавоӣ: ҷолибтарин партобҳои баскетболбози беҳтарини сайёра - видео

Обуна шудан
Расо 20 сол пеш - 16 апрели соли 2003 машҳуртарин баскетболбози сайёра Майкл Ҷордан бозии охиринашро анҷом дод. Sputnik беҳтарин партобҳояшро ёдрас мекунад
Майкл Ҷордони афсонавӣ қаҳрамони дукаратаи олимпӣ дар ҳайати дастаи баскетболи ИМА, қаҳрамони шашкаратаи NBA дар ҳайати тими "Чикаго Буллз" расо 20 сол аст, ки тарки бозии касбӣ кардааст.
Ӯ 6 бор мукофоти "боарзиштарин бозигар"-ро дар финалҳои NBA соҳиб шуда, 14 маротиба дар бозиҳои ҳамаи ситораҳо ҳунарнамоӣ кардааст.
Номи ӯ дар қатори 50 бозигари беҳтарин дар таърихи NBA сабт шуда, соли 2009, вориди Толори шӯҳрати баскетбол гардид.
Вай 16 апрели соли 2003 бори сеюм ва охирин тарки бозии баскетболи касбӣ кард. Қабл аз ин, ӯ ду бор - солҳои 1993 ва 1999, ҳар дафъа - пас аз се қаҳрамонии пайдарпай аз анҷоми фаъолияташ хабар дода буд.
Гузориши аксӣ аз ниммарафони байналмилалӣ дар Душанбе
Дар соли 2003, Ҷордони 40-сола дастаи "Washington Wizards"-ро тарк кард, ки аз мавсими солщои 1997/98 ба плей-офф роҳ наёфта буд. Дар мавсими ниҳоии Ҷордон тими мазкур 37 ғалаба ва 45 бохт дошта, дар қисмати шарқӣ ҳамагӣ 10-ум боқӣ монд.
Бузургтарин бозигари таърихи Лигаи Миллии Баскетбол, ба туфайли қобилияти ҷаҳиши аҷибаш, якбора якчанд лақаби аҷиб, аз ҷумла Ҷордони ҳавоиро гирифта буд.
Тибқи радабандии Forbes, ӯ гаронарзиштарин варзишгар дар таърих боқӣ мемонад. Вай сарвати худро ҳам аз ҳисоби пирӯзӣ дар мусобиқаҳои баскетбол ва шартномаҳои таблиғотӣ ба даст овардааст.
Дар ҳоли ҳозир дороии Ҷордони 59-сола 1,7 млрд доллар арзёбӣ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0