https://sputnik.tj/20230416/jangovar-vaz-artyomovsk-sharh-1056486956.html
Даргирӣ барои роҳи оҳан дар Артёмовск
Даргирӣ барои роҳи оҳан дар Артёмовск
Sputnik Тоҷикистон
Даргириҳои шадид барои ба даст овардани шаҳри Артёмовск, маркази муҳими нақлиётӣ барои таъмини гурӯҳи нерӯҳои украинӣ мебошад, қариб ним сол идома доранд
2023-04-16T16:00+0500
2023-04-16T16:00+0500
2023-04-16T16:00+0500
дар русия
амният ва мудофиа
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
мубориза
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/07/1055355720_0:20:1725:990_1920x0_80_0_0_4ad3fe729857ba4e5a8c7e4eb79a8489.jpg
ДУШАНБЕ, 16 апр – Sputnik. Ҷангҷӯёни гурӯҳи "Вагнер" барои гузаргоҳи асосии роҳи оҳани шаҳри Арёмовск дар қисмати ғарбии он мубориза бурда истодаанд, гуфтааст як ҷанговари ин гурӯҳ ба РИА "Новости".Қаблан муассиси ин гурӯҳ Евгений Пригожин гуфта буд, ки дар бораи муҳосираи пурраи Артёмовск ҳарф задан барвақт аст, аммо беш аз 80% шаҳр зери назорати нерӯҳои Русия қарор дорад. Як ҷанговари ин гуруҳ ба хабаргузории РИА "Новости" гуфтааст, ки нерӯҳои украиниро аз ин шаҳр танг карда истодаанд.Вай таъкид намудаст, ки марказ аллакай таҳти назорати нерӯҳои Русия қарор дошта, ҷанговарон ба самтҳои дигар ҳаракат доранд. Маврид ба зикр аст, ки чанд вақти охир нерӯҳои гурӯҳи "Вагнер" қувваҳои украиниро аз маҳаллаҳои марказии Артёмовск ба ғарб тела дода истодааст. Даргириҳои асосӣ барои роҳи оҳани ин шаҳр сурат мегиранд. Артёмовск дар шимоли шаҳри калони Горловка вокеъ буда, нерӯҳои Украина бо ҳар қимат талош доранд, ки онро ҳифз намоянд. Шаҳри мазкур маркази муҳими нақлиётӣ барои таъмини гурӯҳи нерӯҳои украинӣ дар Донбасс ба шумор меравад. Дар Украина гузинаи қаблазинқилобии номи шаҳр, ки Бахмут буд, расман қабул карда шудааст. Таъкид мешавад, ки бештар аз 6 мооҳ аст, ки барои ин шаҳр муҳорибаҳои шадид давом доранд.
https://sputnik.tj/20230416/farmondeh-neru-ukraini-samti-zaparozhe-1056486029.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/07/1055355720_190:0:1535:1009_1920x0_80_0_0_e7a678b790c57ed682e0de7fd7d58a75.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мубориза, амалиёт, даргирӣ, артёмовск, ҷанг, чӣ, гузар
мубориза, амалиёт, даргирӣ, артёмовск, ҷанг, чӣ, гузар
Даргирӣ барои роҳи оҳан дар Артёмовск
Даргириҳои шадид барои ба даст овардани шаҳри Артёмовск, маркази муҳими нақлиётӣ барои таъмини гурӯҳи нерӯҳои украинӣ мебошад, қариб ним сол идома доранд
ДУШАНБЕ, 16 апр – Sputnik. Ҷангҷӯёни гурӯҳи "Вагнер" барои гузаргоҳи асосии роҳи оҳани шаҳри Арёмовск дар қисмати ғарбии он мубориза бурда истодаанд, гуфтааст як ҷанговари ин гурӯҳ ба РИА "Новости".
Қаблан муассиси ин гурӯҳ Евгений Пригожин гуфта буд, ки дар бораи муҳосираи пурраи Артёмовск ҳарф задан барвақт аст, аммо беш аз 80% шаҳр зери назорати нерӯҳои Русия қарор дорад.
Як ҷанговари ин гуруҳ ба хабаргузории РИА "Новости" гуфтааст, ки нерӯҳои украиниро аз ин шаҳр танг карда истодаанд.
"Онҳо ба тарафи роҳи оҳан ҳаракат карданд, дар он тамаркуз доранд. Гурехта истодаанд ва мо ба онҳо расида истодаем. Шаҳр қариб дар ихтиёри мост", - гуфтаст мусоҳиб.
Вай таъкид намудаст, ки марказ аллакай таҳти назорати нерӯҳои Русия қарор дошта, ҷанговарон ба самтҳои дигар ҳаракат доранд.
Маврид ба зикр аст, ки чанд вақти охир нерӯҳои гурӯҳи "Вагнер" қувваҳои украиниро аз маҳаллаҳои марказии Артёмовск ба ғарб тела дода истодааст. Даргириҳои асосӣ барои роҳи оҳани ин шаҳр сурат мегиранд.
Артёмовск дар шимоли шаҳри калони Горловка вокеъ буда, нерӯҳои Украина бо ҳар қимат талош доранд, ки онро ҳифз намоянд.
Шаҳри мазкур маркази муҳими нақлиётӣ барои таъмини гурӯҳи нерӯҳои украинӣ дар Донбасс ба шумор меравад. Дар Украина гузинаи қаблазинқилобии номи шаҳр, ки Бахмут буд, расман қабул карда шудааст.
Таъкид мешавад, ки бештар аз 6 мооҳ аст, ки барои ин шаҳр муҳорибаҳои шадид давом доранд.