Дар Рӯзи пойтахт ҳавои Душанбе 23 дараҷа гарм мешавад

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевПроспект Айни в Душанбе
Проспект Айни в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2023
Обуна шудан
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва раъду барқ ба амал меояд
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Обуҳавошиносони тоҷик хабар доданд, ки ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон камабру бебориш шуда, дар ғарби вилоят шабона то 9 ва рӯзона то 22 дараҷа гарм мешавад.
Дар шарқи вилоят ҳаво шабона то 6 дараҷа хунук ва рӯзона то 10 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Дар вилояти Суғд ҳавои ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, ҳаво дар водиҳо шабона аз 13 то 18 дараҷа гарм ва рӯзона аз 17 то 22 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз то 7 ва рӯзона то 14 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст.
Фестивали ҳунармандон дар шаҳри Душанбе – видео - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2023
Фестивали ҳунармандон дар шаҳри Душанбе –видео
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, ҳаво дар водиҳо шабона то 20 ва рӯзона з 24 то 29 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона то 14 дараҷа гарм ва рӯзона аз 24 то 29 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳаво шабона камабри бебориш пешгӯӣ шуда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона то 16 ва рӯзона то 23 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 11 дараҷа гарм ва рӯзона то 17дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо бегоҳирӯзӣ борон борида, эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Ҳаво шабона то 16 ва рӯзона то 23 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0