https://sputnik.tj/20230415/dushanbe-nimmarafon-baynalmilali-barguzor-1056477162.html
Дар Душанбе ниммарафони байналмилалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе ниммарафони байналмилалӣ баргузор шуд
Sputnik Тоҷикистон
Давандаҳо аз кишварҳои мухталиф аз боғи Наврӯзгоҳ аз канори хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то майдони Дӯстӣ - 21 километру 97 метрро тай карданд
2023-04-15T17:05+0500
2023-04-15T17:05+0500
2023-04-15T17:05+0500
дар тоҷикистон
душанбе
ниммарафон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
дав
рӯзи пойтахт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/0f/1056476083_0:247:2776:1808_1920x0_80_0_0_d15b92136e96daff31681a28662eba43.jpg
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон ниммарафони XIII байналмилалӣ баргузор шуд.Дар ин чорабинӣ хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ширкат дошт.Давандаҳо аз Боғи Наврӯзгоҳ қад-қади хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то майдони Дӯстӣ - 21 километру 97 метрро тай карданд.Дар маросими ифтитоҳ таъкид шуд, ки ниммарафони Душанбе нахустин мусобиқаи миллии кишвар буда, ба феҳристи мусобиқаҳои Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва дав ба масофаи дур шомил шудааст.Мусобиқаҳо бо мақсади таҳкими робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо ва пойтахтҳое, ки бо Душанбе ҳамкориҳои судманди иҷтимоӣ-иқтисодӣ доранд, инчунин оммавӣ гардонидани варзиш баргузор шуд.Дар ин марафон варзишкорони Қазоқистон, Ӯзбекистон, Кения ва Эфиопия, инчунин варзишгарони касбии ҷумҳурӣ, кормандони сафоратхонаҳо, ходимони дипломатӣ, намояндагони ташкилотхои байналмилалӣ қувваозмоӣ карданд.Бар асоси фармони раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, варзишгароне, ки дар ниммарафон байни мардону занон ҷойҳо аз 1-ум то 6-умро гирифтанд, бо мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/0f/1056476083_67:0:2548:1861_1920x0_80_0_0_ee016c0c0107ff8281d6de3521f92c41.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ниммарафон, дав, баргузор, рӯзи пойтахт, душанбе
тоҷикистон, ниммарафон, дав, баргузор, рӯзи пойтахт, душанбе
Дар Душанбе ниммарафони байналмилалӣ баргузор шуд
Давандаҳо аз кишварҳои мухталиф аз боғи Наврӯзгоҳ аз канори хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то майдони Дӯстӣ - 21 километру 97 метрро тай карданд
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон ниммарафони XIII байналмилалӣ баргузор шуд.
Дар ин чорабинӣ хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ширкат дошт.
Давандаҳо аз Боғи Наврӯзгоҳ қад-қади хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то майдони Дӯстӣ - 21 километру 97 метрро тай карданд.
Дар маросими ифтитоҳ таъкид шуд, ки ниммарафони Душанбе нахустин мусобиқаи миллии кишвар буда, ба феҳристи мусобиқаҳои Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва дав ба масофаи дур шомил шудааст.
Мусобиқаҳо бо мақсади таҳкими робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо ва пойтахтҳое, ки бо Душанбе ҳамкориҳои судманди иҷтимоӣ-иқтисодӣ доранд, инчунин оммавӣ гардонидани варзиш баргузор шуд.
Дар ин марафон варзишкорони Қазоқистон, Ӯзбекистон, Кения ва Эфиопия, инчунин варзишгарони касбии ҷумҳурӣ, кормандони сафоратхонаҳо, ходимони дипломатӣ, намояндагони ташкилотхои байналмилалӣ қувваозмоӣ карданд.
Бар асоси фармони раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, варзишгароне, ки дар ниммарафон байни мардону занон ҷойҳо аз 1-ум то 6-умро гирифтанд, бо мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.