Дидори вазирони хориҷаи Тоҷикистону Эрон: Муҳриддину Амирабдуллоҳиён чиро баррасӣ карданд?

© МИД ТаджикистанаПереговоры министров иностранных дел Таджикистана и Ирана
Переговоры министров иностранных дел Таджикистана и Ирана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2023
Обуна шудан
Вазирони хориҷаи Тоҷикистону Эрон дар Самарқанд ҳангоми дидору гуфтугӯ мавзӯъоти ҳамкории дуҷониба ва таҳаввулоти минтақа гуфтугу карданд
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар дидор бо ҳамтои эрониаш Амирабдуллоҳиён дар Самарқанд бар алоқамандии кишвараш барои густариш ва афзоиши ҳамкориҳои байни якдигар таъкид кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати хориҷа.
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар ҳошияи чаҳорумин нишасти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон бо Ҳусайни Амирабдуллоҳиён дидор ва дар бораи мавзуъоти дуҷониба ва таҳаввулоти минтақа гуфтугу карданд.
Тавре расонаҳои хабаргузории “Парс Тудей” хабар додааст Амирабдуллоҳиён дар ин дидор баргузории 15-умин даври Комиссиюни муштараки ҳамкориҳои ду кишвар дар соли гузаштаро омиле барои тавсеаву тақвияти беш аз пеши ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳавзаи равобити дуҷонибаи баршумурд ва аз ҳамкориҳои байниякдигарӣ дар ҳавзаи созмонҳои байналмиллалӣ қадрдонӣ кард.
Табрикоти сафири Эрон дар Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2023
Сафири Эрон дар Тоҷикистон: Душанбе пойтахти гулу дилу сухан - видео
Сироҷиддин Муҳриддин низ дар ин дидор бо табрики моҳи мубораки Рамазон ва иди Наврӯз аз тавофуқи Эрону Арабистон барои аз саргирии равобит ибрози хурсандӣ кард.
Вазири хориҷаи Тоҷикистон ҳамчунин зимни мурури ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳавзаҳои мухталиф бар алоқамандии давлаташ барои густаришу афзоиши ҳамкориҳои дуҷониба таъкид кард.
Лентаи хабарҳо
0