Вазир аз милисаҳои тоҷик хост, ҳуқуқи инсонро риояю ҳифз кунанд

© Sputnik Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2023
Обуна шудан
Вазири умури дохилии Тоҷикистон дар ҷаласаи оперативӣ-хизматӣ натиҷаҳои фаъолияти раёсати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт баррасӣ кардаст
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Милисаҳо дар шарқи Тоҷикистон дастур гирифтанд, ки бо мардум хушмуомила бошанду ҳуқуқи инсонро риоя ва ҳифз намоянд.
Ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, дастур дар ин бораро вазири умури дохилӣ, Рамазон Раҳимзода дар мулоқот бо милисаҳои Рашт дод.
Раҳимзода муҳим хондааст, ки милиса бо мардум ва ҷомеаи шаҳрвандӣ робитаи зич дошта бошад.
"Вазири корҳои дохилӣ ҷиҳати риояи ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонун, пешгирии амалҳои ғайриқонунӣ, муносибату муоширати хуб бо мардум ва робитаи зич бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ба масъулин як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод", - омадааст дар иттилоия.
Рамазон Рахимзода, министр внутренних дел Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2023
Ҳамеша омодаем: Раҳимзода дар бораи хатари ҳамла ба Тоҷикистон
ВУД таъкид намудаст, ки дар зимн Раҳимзода дар ҷараёни ҷаласаи оперативӣ-хизматӣ дар бораи натиҷаҳои фаъолияти раёсати умури дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт дар давоми 3 моҳи соли 2023 шунидаст.
Таъкид шудаст, ки дар ҷаласа сардори милиса дар минтақа ва ноҳияи Рашт генерал-майор Саидзода Маҳмадсаид Борон, муовинони сардори раёсат, сардорони ШВКД-ҳо дар минтақа ва ноҳияҳои мазкур иштирок доштанд.
Вазир масъалаҳои таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии террористию экстремистӣ, ҳамкорӣ бо ҷомеаро муҳим хондаст.
Рамазон Раҳимзода барои бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта ба роҳбарони мақомоти умури дохилӣ дар Рашт супориш додаст.
Лентаи хабарҳо
0