https://sputnik.tj/20230414/dushanbe-ruzi-poytakhtro-tajlil-chorabini-1056451048.html
Душанбе рӯзи пойтахтро бо шукуҳ таҷлил мекунад: Макони чорабиниҳои асосӣ куҷост?
Душанбе рӯзи пойтахтро бо шукуҳ таҷлил мекунад: Макони чорабиниҳои асосӣ куҷост?
Sputnik Тоҷикистон
Дар чаҳор ноҳияи шаҳр, дар Рӯзи пойтахт базмҳои идона, нишасту ҷамъомад ва дигар барномаҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ баргузор хоҳанд шуд
2023-04-14T13:49+0500
2023-04-14T13:49+0500
2023-04-14T16:49+0500
дар тоҷикистон
душанбе
пойтахт
рӯзи пойтахт
фарҳанг
базм
таҷлил
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103060/85/1030608506_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_7497f2a85de55f2bd7742693ea17888c.jpg
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Дар Рӯзи пойтахт дар чаҳор ноҳияи шаҳр, бахусус дар боғҳои фарҳангу фароғатии Душанбе базмҳои идона, нишасту ҷамъомад ва дигар барномаҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ баргузор гардида, дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр шиору овезаҳои гуногун дар васфи пойтахт насб карда мешаванд.Дар ин бора Раёсати фарҳанги мақомоти шаҳри Душанбе хабар додааст.Тибқи иттилои манбаъ, 15 апрел, ҳамзамон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон дар "Кохи Суруш"-и шаҳри Душанбе барномаи фарҳангӣ таҳти унвони "Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе" ва маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмунҳои шаҳрӣ баргузор мегардад.Дар маросими мазкур озмунҳои касбии соҳаи тандурустӣ ва маорифи шаҳри Душанбе — "Беморхонаи сол", "Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол", "Табиби сол", "Табиби оилавии сол", "Корманди миёнаи тибби сол", "Мураббии сол", "Омӯзгори сол", "Хонандаи сол", "Гирандагони Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе" ва дигар озмунҳои шаҳрӣ ҷамъбаст гардида, ғолибони он дар вазъияти тантанавӣ бо мукофоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Душанбе сарфароз гардонида мешаванд.Ёдовар мешавем, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел ҳамчун Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба ин рӯзи таърихӣ аз ҷониби сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ гузаронида мешавад.
https://sputnik.tj/20230412/barguzorii-festivali-hunarmandon-dushanbe-1056414411.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103060/85/1030608506_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_6e4ed4157c3c305df712e80009a4790d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон. душанбе, рӯзи пойтахт, таҷлил, базмҳои фарҳангӣ, фарҳанг, шаҳрдорӣ
тоҷикистон. душанбе, рӯзи пойтахт, таҷлил, базмҳои фарҳангӣ, фарҳанг, шаҳрдорӣ
Душанбе рӯзи пойтахтро бо шукуҳ таҷлил мекунад: Макони чорабиниҳои асосӣ куҷост?
13:49 14.04.2023 (Навсозишуда: 16:49 14.04.2023) Дар чаҳор ноҳияи шаҳр, дар Рӯзи пойтахт базмҳои идона, нишасту ҷамъомад ва дигар барномаҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ баргузор хоҳанд шуд
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Дар Рӯзи пойтахт дар чаҳор ноҳияи шаҳр, бахусус дар боғҳои фарҳангу фароғатии Душанбе базмҳои идона, нишасту ҷамъомад ва дигар барномаҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ баргузор гардида, дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр шиору овезаҳои гуногун дар васфи пойтахт насб карда мешаванд.
Дар ин бора Раёсати фарҳанги мақомоти шаҳри Душанбе хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, 15 апрел, ҳамзамон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон дар "Кохи Суруш"-и шаҳри Душанбе барномаи фарҳангӣ таҳти унвони "Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе" ва маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмунҳои шаҳрӣ баргузор мегардад.
Дар маросими мазкур озмунҳои касбии соҳаи тандурустӣ ва маорифи шаҳри Душанбе — "Беморхонаи сол", "Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол", "Табиби сол", "Табиби оилавии сол", "Корманди миёнаи тибби сол", "Мураббии сол", "Омӯзгори сол", "Хонандаи сол", "Гирандагони Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе" ва дигар озмунҳои шаҳрӣ ҷамъбаст гардида, ғолибони он дар вазъияти тантанавӣ бо мукофоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Душанбе сарфароз гардонида мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел ҳамчун Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба ин рӯзи таърихӣ аз ҷониби сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ гузаронида мешавад.