https://sputnik.tj/20230414/buzurgtarin-shirkat-chin-tojikiston-namoyandagi-boz-1056446951.html
Бузургтарин ширкати чинӣ қасд дорад дар Тоҷикистон намояндагии худро боз кунад
Бузургтарин ширкати чинӣ қасд дорад дар Тоҷикистон намояндагии худро боз кунад
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ба намояндагони Чин дар бораи имтиёзҳои сармоягузорӣ, гумрукӣ ва андозбандиҳо гуфтаанд
2023-04-14T12:08+0500
2023-04-14T12:08+0500
2023-04-14T12:08+0500
дар тоҷикистон
чин
иқтисод
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044229392_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_ead23f1b273caf7ee494999912a5d9bd.jpg
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Ширкатҳои чинии Macao Bridge Technology Limited ва Alibaba қасд доранд дар Тоҷикистон намояндагиҳои худро боз кунанд. Дар ин бора дар Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.Зимни мулоқот ҷониби Тоҷикистон бо намояндагони Чин соҳаҳои асосии саноати мамлакат, аз қабили ҷалби маблағ барои логистика ва нақлиёт, киишоварзӣ, фарҳанг ва туризмро баррасӣ кардаанд. Дар навбати худ Тоҷикистон дар бораи минтақаҳо ва имконоти сармоягузорӣ дар кишвар маълумот додааст. Илова бар ин, кумита ба сармоягузорон дар бораи имтиёзҳои сармоягузорӣ, гумрукӣ ва андоз маълумот дод. Дар натиҷаи музокирот ширкати Alibaba, ки бо сомонаи интернетии AliExpress ва системаи пардохтии Alipay маъруф аст, ба ифтитоҳи намояндагӣ дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳ зоҳир кард. Ёдовар мешавем, ки ҳаҷми табодули коло миёни Чин ва Тоҷикистон дар соли 2022 ҳудуди 2,6 миллиард долларро ташкил додааст. Тибқи омори гумрукии Чин, ҳаҷми тиҷорат бо кишвари ҳамсояаш дар соли 2022 20% афзоиш ёфтааст. Се сармоягузори аслии вилояти Хатлон маълум шудҚаблан Тоҷикистон нияти густариши тиҷорат бо Чинро пас аз боз шудани марзҳо изҳор карда буд. Рақамҳои мушаххаси гардиши молро нагуфтаанд, вале интизор мерафт, ки тиҷорати мутақобила ба сатҳи сифатан нав мебарояд. Ба ин навсозии роҳҳои ҷумҳурӣ, ки давоми 3 соли охир гузаронда шуд ва инчунин тагғйири усули ҳамлу нақл мусоидат кард.
https://sputnik.tj/20230411/afzoish-gardish-mol-tojikiston-chin-1056388908.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044229392_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_58b102f538479e4927895b2a3cd82f4a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон чин сармоягузорӣ иқтисод тиҷорат
тоҷикистон чин сармоягузорӣ иқтисод тиҷорат
Бузургтарин ширкати чинӣ қасд дорад дар Тоҷикистон намояндагии худро боз кунад
Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ба намояндагони Чин дар бораи имтиёзҳои сармоягузорӣ, гумрукӣ ва андозбандиҳо гуфтаанд
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Ширкатҳои чинии Macao Bridge Technology Limited ва Alibaba қасд доранд дар Тоҷикистон намояндагиҳои худро боз кунанд.
Дар ин бора дар Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
Зимни мулоқот ҷониби Тоҷикистон бо намояндагони Чин соҳаҳои асосии саноати мамлакат, аз қабили ҷалби маблағ барои логистика ва нақлиёт, киишоварзӣ, фарҳанг ва туризмро баррасӣ кардаанд.
Дар навбати худ Тоҷикистон дар бораи минтақаҳо ва имконоти сармоягузорӣ дар кишвар маълумот додааст.
Илова бар ин, кумита ба сармоягузорон дар бораи имтиёзҳои сармоягузорӣ, гумрукӣ ва андоз маълумот дод.
Дар натиҷаи музокирот ширкати Alibaba, ки бо сомонаи интернетии AliExpress ва системаи пардохтии Alipay маъруф аст, ба ифтитоҳи намояндагӣ дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳ зоҳир кард.
Ёдовар мешавем, ки ҳаҷми табодули коло миёни Чин ва Тоҷикистон дар соли 2022 ҳудуди 2,6 миллиард долларро ташкил додааст.
Тибқи омори гумрукии Чин, ҳаҷми тиҷорат бо кишвари ҳамсояаш дар соли 2022 20% афзоиш ёфтааст.
Қаблан Тоҷикистон нияти густариши тиҷорат бо Чинро пас аз боз шудани марзҳо изҳор карда буд. Рақамҳои мушаххаси гардиши молро нагуфтаанд, вале интизор мерафт, ки тиҷорати мутақобила ба сатҳи сифатан нав мебарояд.
Ба ин навсозии роҳҳои ҷумҳурӣ, ки давоми 3 соли охир гузаронда шуд ва инчунин тагғйири усули ҳамлу нақл мусоидат кард.