Соҳибкорони Тоҷикистону Русия хостори дарёфти самтҳои нави ҳамкорӣ шудаанд

© pixabayРукопожатие
Рукопожатие - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2023
Обуна шудан
Ҳарчанд ҳачми тиҷорати байни мамлакатҳо бомуваффақият меафзояд, шарикии тиҷоратӣ ҷонибҳо набояд бо харид ва фурӯш маҳдуд карда шавад
ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Соҳибкорони Русия ва Тоҷикистон бояд имконоти ҳамкориҳои тиҷоратии бештарро ҷустуҷӯ кунанд, мегӯяд муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Русия Владимир Падалко.
Вай таъкид кард, ки шарикии тиҷорӣ набояд танҳо бо тиҷорат маҳдуд шавад.
"Мо бояд имконот барои ворид шудан ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки ҳамкориро ҷустуҷӯ кунем",- даъват кард, ноиби раиси Палатаи савдо ва саноати Русия.
Ба гуфтаи ӯ, дар соҳаҳои металлургӣ, сохтмон, кишоварзӣ, саноати сабук, истихроҷи маъдан, рақамисозӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дурнамои хуби ҳамкорӣ боз мешавад.
Председатель области Раджаббой Ахмадзода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2023
Аҳмадзода хостори се баробар афзоиш додани гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон шуд
Ёдовар мешавем, ноиби аввали раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода гуфта буд, ки дар назар аст, ҳаҷми муомилот бо Русия се маротиба афзоиш ёбад.
"Мо ҳоло беш аз 1,5 миллиард доллар гардиши мол дорем Худо хощад, ба 5 миллиард мерасем, ин гардишро зиёд мекунем, се баробар афзоиш хощем дод", - гуфт ӯ.
Лентаи хабарҳо
0